Истиқлолият – ҷавҳари ҳастии миллат

Мардуми шарафманди кишвар тўли 27 соли фидокориҳо дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба рўзи пурсаодат,

пойдории сулҳу ваҳдат ва шукуфоии диёри азизамон сарҷамъона талош варзиданд. Имрўз дар мақоми шукргузорӣ аз  неъмати бебаҳои даврони истиқлолият дар тамоми гўшаву канори  мамлакат тантанаҳои идона ва силсилаи чорабиниҳои мухталиф ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар иртибот ба ин,  дар факултетҳои инноватсия ва телекоммуникатсия таҳти унвони «Истиқлолият ҷавҳари ҳастии миллат», ҳуқуқшиносӣ дар мавзўи «Нақши истиқлолияти давлатӣ дар рушди илмҳои ҳуқуқшиносӣ» мизҳои мудаввар ва дар факултети молия чорабинии идона ва маҳфили илмии «Бонкдори ҷавон» доир гардиданд.

Аз ҷумла, дар мизи мудаввари факултети ҳуқуқшиносӣ доирнамуда, эксперти судӣ-криминалистии шўъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар в.Суғд, капитани милитсия Ҳ.Ёров доир ба рушди қонунгузорӣ, волоияти қонун,  таъминоти васоити илмию техникӣ ва криминалистӣ баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҳарф зад.

Қобили зикр аст, ки дар тамоми чорабиниҳое, ки баргузор шудаанд,  ҳамзамон, дар  соатҳои кураторӣ перомуни моҳияти Истиқлолият ҳамчун воқеаи бузург дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик, нақши он дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсию иҷтимоии кишвар сухан рафт. Зеро, ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар,  татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои созандагӣ пояҳои давлатдории миллии моро ҳамон андоза мустаҳкам гардонида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа  

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1560-isti-loliyat-av-ari-astii-millat.html#sigProGalleria89d9cf6ca8
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/