Семинари Шэнян – пули таҳкимбахши дўстиву равобити байналмиалии донишгоҳҳо

  Санаи 4-24 июли соли 2018 дар шаҳри Шэняни Ҷумҳурии Халқии Хитой семинари байналмилалӣ барои ректорони макотиби олии кишварҳои русзабон баргузор гардид, ки дар он муовини ректори ДДҲБСТ оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффоров иштирок намуд. Ҳамоиши илмию таълимӣ бо ташаббуси Вазорати тиҷорати ҶХХ дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнян доир гардид. Дар кори семинари мазкур намояндагони ҳафт давлати пасошӯравӣ – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд ва дар тӯли се ҳафта лексияҳои олимону устодони варзидаи донишгоҳҳои Хитой роҷеъ ба масъалаҳои мубрами таҳсилоти олӣ шунида шуд.

   Махсусан, лексияҳои профессорон Чжоу Жунчжи (Низоми идоракунии институтҳо дар донишгоҳ), Ся Мин (Тайёр намудани мутахассисони соҳаи инноватсия), Сун Юйхуа (Робитаҳои байналмилалии донишгоҳҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай), Ши Сяогуан (Тамоюлҳои ислоҳотҳои таҳсилоти олии ҷаҳонӣ), Пяо Сюйдао (Гузашта ва ояндаи идоракунӣ дар макотиби олии Хитой) ва ғайра хеле ҷолиб буданд. Вохӯрӣ бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Шэнян Хао Дэюн,  суҳбатҳо бо директорони институтҳои ДОШ, намояндагони департаментҳои таҳсилот ва мактабҳои олии музофоти Ляонин хеле муфид буданд. Иштирокчиёни семинар низ аз таҷриба, имконият ва проблемаҳои донишгоҳҳои худ ҳарф заданд. Ҳамзамон, ба шаҳрҳои Пантзин, Шанхай, Ханчжоу, Сучжоу ва худи Шэнян экскурсияҳои фарҳангӣ ташкил карда шуданд. Чунончи иштирокчиёни семинар аз Қасри императории Гугун дар Шэнян, осорхонаҳои музофоти Ляонин, мактаби ибтидоии таҷрибавӣ ва филиали Донишгоҳи политехникии Далян дар Пантзин, мавзеҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО – боғи Чжочжэн дар шаҳри Сучжоу ва кӯли ғарбӣ дар шаҳри Ханчжоу, шаҳраки обии Учжен ё худ Венетсияи Хитой, Донишгоҳи забонҳои хориҷии Шанхай, Маркази умумиҷаҳонии молиявӣ ва маҷмааи меъмории соҳилӣ дар Шанхай дидан карданд. Санаи 24 июли соли 2018 дар маросими пӯшидашавии семинар ба ҳар як иштирокчии он аз ҷониби Вазорати тиҷорати ҶХХ сертификат супорида шуд. Ҷоизи қайд аст, ки семинари мазкур ҷиҳати омўхтани таҷрибаи пешқадами макотиби олии Хитой  ва тарзи идора намудани сохторҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар замони муосир мусоидат намуда,  ҳамчун пули устувор дар  таҳкими дўстиву равобити байналмиалии донишгоҳҳо заминаи воқеӣ мегузорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1416-seminaribaydarhitoy072018.html#sigProGalleria47494804fa
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/