БАИМЗОРАСИИ ШАРТНОМА БАЙНИ ДОНИШГОҲ ВА ШИРКАТИ «ИНДИГО – ТОҶИКИСТОН»

   Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар баробари ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфиду судманд бо донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳо ва пажўҳишгоҳҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар, бо ширкатҳои бонуфузе, ки хатмкунандагони мо дар оянда метавонанд дар он ҷо кору фаъолият намоянд,  созишномаҳо ба имзо расонида, ҳамкорӣ намояд. Бо назардошти ин иқдом сани 6 июни соли ҷорӣ байни донишгоҳ ва  ҶДММ «Индиго – Тоҷикистон»  Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Маросими баимзорасии шартнома бо иштироки директори генералии ҶДММ «Индиго – Тоҷикистон»  Озодхон Давлатшоев ва  муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Абдураҳим Ҷўраев сурат гирифт.

Озодхон Давлатшоев роҷеъ ба муҳимияту аҳамияти ин  ширкат бо  истифодаи технологияҳои иттилооти муосир дар масъалаи таҳсилот, мавқеъ ва имкониятҳои ҳамкорҷ дар ин самт, омўзиши таҷрибаҳои нави омӯзишу таҳсилот, дастрасии дониш,  инкишофи IT дар донишгоҳҳои олҷ ва истифодаи самараноки  суперкомпютерҳо, кабинетҳои лингафонҷ, видео ва аудио студияҳо, квадрокомпютерҳо барои мониторинг ва сабт, виртуализацияи  IT инфраструктура барои таҷрибаҳои лабораторҷ   ва ғайра ибрози андеша намуд.

 А. Ҷўраев зикр намуд, ки  имрўзҳо низоми  муосири таҳсилоти олҷ  бештар бо истифодаи  технологияи нав ва воситаҳоимуосиритаълимҷ,  ки  барои донишандўзҷ кумаки амалӣ мерасонад, ба роҳ монда мешавад. Бинобар ин  ба имзо расидани созишномаи ҳамкориро бо ин ширкати бонуфуз  муҳим арзёбӣ намуда, аз нақши калидии он  дар самти  имконияти истифодаи босамари технологияҳои нав, омўзиши таҷрибаи пешқадамвабаландбардоштанисифати таҳсилот ҳарф зад. Ҳамзамон, таъкид намуд, ки дар доираи ҳамкориҳо аз ҷониби намояндагони ширкати мазкур барои донишҷўён доир намудани машғулиятҳои лексионию амалӣ ба манфиат хоҳад буд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/