Шиносоии Раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии донишгоҳ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд. Дар ин раванд ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ бо хушнудиву шукргузорӣ аз самараи неки истиқлолияту ваҳдати комили кишвар   рў ба созандагиву ободкорӣ меоранд.

Субҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шинос шудан бо рафти корҳои бунёдкорӣ ба маъвои маърифатамон ташриф овард. Роҳбари вилоят аз рафти корҳои сохмонии иншооти нотамоми шафати донишгоҳ - толори варзишӣ, ошхона ва маҷлисгоҳи замонавӣ дидан кард.  Тибқи дастури Раиси вилоят  сохтмони  иншоотҳои нотамом марҳила ба марҳила  ба итмом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки маҷлисгоҳи сохташаванда бо 1000 ҷой, бинои ошхона бо тарҳи  дуошёнагӣ, ки қабати дуюмро бояд  синфхонаҳои компютерӣ ва марказҳои тестӣ ташкил диҳанд, бунёд карда шавад.

Раиси вилоят бо мавзее, ки дар он нақшаи сохтмони бинои истиқоматии даҳошёна барои кормандону устодони донишгоҳ ва як хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯён тарҳрезӣ шудааст,  шинос гардид.  Оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ тавсия дода шуд.

     Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҳидоят ва  дастуру тавсияҳои Роҳбари вилоятро, ки меҳвари он ба  вусъати корҳои  созандагию бунёдкорӣ ва ободонии гўшаи Ватани азизамон равона гардидааст, хуш пазирўфтанд.

http://www.zoofirma.ru/