Навиди TACES

  Лоиҳаи TACES, ки дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар ҳамкори бо панҷ донигоҳҳои дигари Тоҷикистон ва Алмону Чехия ва Эстония амал мекунад,  бо дастгирии бевоситаи барномаи  Эразмус+, фаъолияти худро идома медиҳадДар доираи фаъолияти лоиҳа, дар ибтидои моҳи июни соли ҷори, ёздаҳ нафар устодони донишгоҳҳои ҳамкор аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Данғара ба Донишгоҳи техникии Дрезден (Алмон) ташриф оварданд. Онҳо дар  семинарҳо ва лексияҳо иштирок намуданд, бо услубҳои нав дар фаъолияти таълими ошно шуданд, имконоти бурдани тадқиқотро дар бузургтарин китобхонаи илмии ин мамлакат соҳиб гардиданд.

23 июни соли 2018 рисолаҳои магистрантиро аввалин хатмкунан-дагони барномаи Тадқиқотҳои Аврупои ҳимоя карданд, ки нақшаҳои таълимии он мутобиқи стандартҳои Аврупои тартиб дода шудааст. Чордаҳ нафар хатмкунандагон соҳиби Дипломи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва сертификати иштирокчии барномаи TACES.шуданд. Аз 25 ум то 30 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар доираи барномаи TACES профессори Almon Гаррy Гурлен (Gerry Gullen) барои муаллимони забони англисӣ семинар дар мавзўи назария ва амалияи баланд бардоштани малакаи устозони забонҳои хориҷӣ аз назари рушди  савияи коммуникатсионӣ ва услубҳои замонавии таълими забонҳои хориҷӣ.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1341-navidtaces.html#sigProGalleria53c1349d6c
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/