КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба ҳам тавъам буда, моро чун қутбнамо ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад.  Агар ваҳдати миллӣ ба таҳкими пояҳои истиқлолият мусоидат кунад, пас истиқлолияти давлатиро бе ваҳдати миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Таърихан тоҷикон миллати фарҳангӣ ва сулҳпарвар  буда, имрӯзҳо таҷрибаи  сулҳи  мо-тоҷикон  ҳамчун  падидаи  нодири  фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шудааст. 

Дар донишгоҳ бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмии донишгоҳӣ бо иштироки устодону магистрантон доир гардид.

Сараввал, ректори донишгоҳ профессор Мумин Шарифзода конференсияро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки бо туфайли заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрвандони кишварамон ваҳдати миллӣ имрӯз дар Ватани азизамон хусусияти бефосиларо ба худ касб намуда, омили асосии сарҷамъи тамоми қишрҳои ҷомеа гардидааст.

Сипас, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи таърихи Ватани ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Ваҳҳоб Набиев дар мавзӯи «Ҷавонон ва сулҳу ваҳдати тоҷикон», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ  Зарина Раҳматова таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ омили муҳими рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва магистранти соли дуюми ихтисоси сиѐсатшиносӣ Ҳаётҷон Қурбонов бо номи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули худшиносӣ» маърузаҳои илмӣ намуданд. Маърӯзачиён  оид ба истиқлолияти давлатӣ ва воридшавии кишвар ба марҳалаи нави тараққиёт, пойдории истиқлолият ва рушди давлатдорӣ, заминаи аслии ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, ҳокимияти конститутсионӣ  ва устувории он, густариши худшиносии миллӣ, қувваҳои сиёсӣ - иҷтимоӣ дар заминаи ақидаҳои ҳизбию гурӯҳӣ ва маҳаллӣ, манфиатҳои умумимиллӣ, ташаббускорӣ ва ғояҳои созандаи ҷавонон дар роҳи ба даст овардани сулху ваҳдат ва ғайра ибрози андеша намуданд. 

Дар конференсия дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Муҳаббат Почоева ба сухан баромада, қайд кард, ки  нерӯи нави сиёсӣ бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист такя ба хиради азалӣ, ки асоси онро худшиносии миллӣ ташкил медод, ваҳдати миллиро таъмин намуд  ва мардуми сарбаланду меҳнатқаринро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва омӯзиши илму фарҳанг ҳидоят кард.

Дар фарҷом ректори донишгоҳ ба аҳли нишаст баён дошт, ки рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ва дар маҷмӯъ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, маҳз аз самараи ваҳдатанд. Аз ин рӯ, ваҳдату ризоият барои миллати мо заминаи асосии ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. 

 Шуъбаи таҳлил ва  робита бо ҷомеа 

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1276-konferensiyai-ilm-bakhshida-ba-r-zi-va-dati-mill.html#sigProGalleria744b1e66c5
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/