ҲАМКОРИҲО САМАРАБАХШАНД

Дар доираи лоиҳаи Барномаи Иттиҳоди Аврупо Эразмус+TACES – “Омӯзиши байнисоҳавии Аврупоӣ дар Тоҷикистон” дар Донишгоҳи техникии шаҳри Дрездени Ҷумҳурии федеративии Олмон ду нафар аз устодони донишгоҳ  Ҷ. А. Тураев ва Ш.Х. Солиев аз санаи 4-ум то 8-уми июни соли ҷорӣ дар сафари омӯзишӣ қарор доштанд.

Устодони мо дар Донишгоҳи техникии Дрезден аз рӯи барномаи тарҳрезишуда, ки аз ҷониби менеҷери барнома Кристиан Ҳерм пешниҳод гардидааст, фаъолияти худро ба роҳ монданд. Дар доираи сафари омӯзишӣ Тураев Ҷ. А. ва Солиев Ш. Х. дар машғулиятҳои лексионӣ ва семинарии устодони Донишгоҳи техникии Дрезден ширкат намуда, аз усулҳои таълими  ин донишгоҳ таҷриба андӯхтанд. 

Ҳадафи аслии ширкати устодони донишгоҳ дар лоиҳаи “Омӯзиши байнисоҳавии Аврупоӣ дар Тоҷикистон” аз омода намудани курсҳои махсуси таълимӣ барои гурӯҳҳои магистри таҳсилашон бо забони англисӣ иборат буда, ин лоиҳа тӯли ду соли охир дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал мекунанд.

Ҳамзамон, ширкати омӯзгорони мо дар чунин лоиҳаву барномаҳо барои рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии кишвар ва омода гаштан ба аккредитатсияи байналхалқии донишгоҳҳои Тоҷикистон қадами муҳим буда метавонад. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1270-amkori-o-samarabakhshand.html#sigProGalleria47dd8c6d44
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/