ВОХЎРИИ СУДМАНД

Имрўз дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон  бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки  12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад доир гардид,

вохўрии сардори шуъбаи назорати тафтишоти пешакии прокуратураи вилояти Суғд Шуҳрат Солеҳзода   ва муовини аввали раиси Шўрои уламои дини вилояти Суғд Хоҷамир Хоҷамиров бо устодону кормандони донишгоҳ  баргузор шуд.  

Шуҳрат Солеҳзода  доир ба масъалаҳои  иҷтимоӣ ва глобалии замони муосир,  аз ҷумла, ояндабинӣ  доир ба Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини ҳифзи он, ҳуввияти миллӣ ва ватанпарастӣ, омилҳои иттиҳоду сарҷамъии мардум, нақш ва саҳми беназири гузаштагони халқи тоҷик дар рушди маънавии башарият, натиҷаҳои бунёдкорию ободӣ, таъсири илму маориф дар рушди давлат, истифодаи самараноки обу  замин, аз даст надодани зиракии сиёсӣ вобаста ба вазъи имрўза, шиддат гирифтани «ҷанги сард» миёни кишварҳои бузурги олам, вусъат ёфтани терроризм ва ифротгароӣ аз нигоҳи Пешвои миллат, ки дар суханрониашон ҷой дошт, ибрози ақида намуд.

Дар суханронии Сарвари давлат  бо намояндагони ҷомеаи кишвар  ҳикмат ва воҷиботи моҳ и шарифи Рамазон, фазилатҳои моҳи муборак, садақаи фитр ва тарзи амалии он,  исроф ва ҷанбаи маърифатии он, нақши динҳ о ва фарҳ ангу тамаддунҳои башарӣ дар ташаккули ҷаҳони маънавии инсон, мақом ва манзалати дини мубини ислом ва  мазҳаби ҳанафӣ  масъалаҳои меҳварӣ буданд,  зикр дошт Хоҷамир Хоҷамиров.

Дар вохўрӣ  суханронии  Президенти кишвар   дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ мавриди шарҳу тавзеҳ  қарор гирифта,  ба ањли толор таъкид гардид, ки   дини мубини ислом на ҳамчун воситаи тафриқаву муқобилгузорӣ, балки омили муҳимтарини муттаҳидсозии мардум, рафъкунандаи ҳодисаҳои номатлубу нохушоянд,  мухолифату  низоъҳо ва  зуҳуроти ифротгароии динӣ  мебошад.  Њамзамон, таҳкимбахши ҷаҳони маънавӣ, тарғибкунандаи  одобу ахлоқи ҳамида  ва ҳаллу фаслкунандаи қариб тамоми масоили рӯзгори мусулмонон будани  дини мубини ислом ва мазҳаби  муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ  бори дигар таъкид ёфт.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1268-vokhurii-sudmand.html#sigProGalleria87e2667b69
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/