БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР АНҶУМАНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҳукумати мамлакат, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолиро шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми иқтисоди миллӣ ҳисобида, 

дар баромаду суханрониҳояшон пайваста   омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисиро  таъкид медоранд.

Дар иртибот ба таъкидҳои Сарвари давлат дар маҷмааи фарҳангии эҷодии кохи Лоиқ бо ибтикори Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент санаи 5-6 июни соли 2018 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионӣ ва дурнамои таълими касбӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» доир гардид.

Дар конференсия дар қатори устодону профессорони донишгоҳҳои олии кишвар меҳмонон аз муассисаҳои таҳсилоти олии давлати ба мо дўсту бародари Узбекистон иштирок доштанд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи  донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нўъмонҷон Ғаффоров дар маърўзаи илмии хеш «Татбиқи самарабахши технологияҳои инноватсионӣ – омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот» аз  таҷрибаи истифодаи технологияи инноватсионӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳарф зада, дар шароити ҷаҳонишавӣ истифодаи васеи технологияи навинро дар раванди таълим муҳим арзёбӣ намуд.

Дар анҷумани мазкур  масъалаҳои  омўзиши технологияи муосир ва аҳамияту муҳимияти истифодаи он мавриди баррасии васеъ қарор гирифтанд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1253-barasii-mas-ala-oi-tekhnologiya-oi-innovatsion-dar-an-umani-bajnalmilal.html#sigProGalleria8910852499
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/