Бурди медали тилло дар намоишгоҳи Livre Paris-2018

Дар давраи  соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби олимони соҳаи забоншиносӣ таҳияи луғатҳои истилоҳотӣ ва соҳавии гуногунҳаҷм, асарҳои илмию тадқиқотӣ, китобҳои дарсӣ бо сабки нав бар пояи дастовардҳои навини  илмӣ,  ба рушди илми забоншиносии тоҷик замина гузоштанд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Русия Туғралхон Шокиров аз зумраи олимонест, ки асарҳояш асосан ба масъалаҳои забон, адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, маданиятшиносӣ, услубшиносӣ, истилоҳоту луғатшиносӣ, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Ҳамзамон,  асосгузори   юрислинвистикаи тоҷик буда, роҷеъ ба юрислингвистика ва лингвоюристика тадқиқотҳои арзишманд анҷом додааст. Аз тарафи Туғрал Шокиров ба нашр расидани асари илмии «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» асосҳои методологии истилоҳшиносии тоҷикро боз ҳам густариш бахшид. Дар асари мазкур хусусиятҳои истилоҳоти ҳуқуқ аз лиҳози луғавию  маъноӣ ва сохторию мантиқӣ тадқиқ шудааст.

Боиси хушнудист, ки китоби Т.Шокиров бо номи «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» бо назардошти муҳимият ва аҳамияти илмию педагогӣ дар намоишгоҳи китобҳои байналхалқии  Париж, LIVRE PARIS-2018 соҳиби медали тилло гардид.

Раёсат,  Кумитаи иттифоқи касаба, кулии устодону муҳассилини донишгоҳ  муаллифро  барои мушарраф гардидан ба ин комёбӣ самимона табрик намуда, дар ҷодаи таҳқиқу  пажўҳиши минбаъда бурдбориҳо таманно доранд.

http://www.zoofirma.ru/