БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ВА ЯКШАНБЕГӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 31.05.2018, таҳти №05/2-185 бобати  корҳои тозаву озодагардонӣ, бунёдкориву ободонӣ бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои дар пешистода устодону кормандони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаҳои 02-03.06.2018 муташаккилона ба  шанбегӣ баромаданд.

Санаи 2.06.2018 зиёда аз 800 нафар устодону кормандон, муҳассилини факултетҳои донишгоҳ аз гардиши Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии «Истиқлол» - и маҳаллаи 17 то Маркази саломатии №5 – и  маҳаллаи 13 – уми шаҳри Хуҷанд дар масофаи зиёда аз 1км дар ду тарафи роҳ корҳои тозаву озодагардониро ба иҷро расониданд. Қобили зикр аст, ки ҳашарчиёни шанбегии умумӣ кӯчаи асосӣ, пайроҳаҳои канори он, шафати дарахтзоронро аз партовҳо, алафҳои бегона ва хасу хошок тоза карданд.

Кормандони раёсати донишгоҳ  майдончаҳои назди донишгоҳро аз сангҳою алафҳои бегона тоза намуда, ба 425м2 алафи ҳамешасабз (газон) коштанд. Шохаҳои дарахтони ҳушкшударо бурида ба тартиб оварданд, ки ин боз  ҳусни саҳни донишгоҳро дучанд гардонид.

Ҳамчунин, санаи 3.06.2018 зиёда аз 350 нафар устодону кормандони боргоҳи маърифатамон, қисми хоҷагии донишгоҳ дар шанбегии умумӣ ширкат намуда, дар майдончаҳои назди донишгоҳ зиёда аз 200 адад гули тоҷихурӯс, 390 адад гули ТГС, 800 адад гули катарантус, 1150 адад гули петуня, 8 адад дарахти туя, 130 адад гули салвия ва 12 адад буттаи  палма шинониданд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ шанбегиро дар сатҳи баланд ташкил намуда, дар ин рӯз  корҳои зиёди ободонӣ ва тозаву озодагардониро ба сомон расонд. Раёсати донишгоҳ минбаъд низ ин иқдомро идома дода, барои ободу зебо гардидани гӯшаву хиёбонҳои шаҳр саҳми арзандаи худро мегузорад. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1225-barguzorii-shanbeg-va-yakshanbeg-dar-donishgo.html#sigProGalleria63525a18ed
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/