Бо коррупсия дастаҷамъона мубориза бояд бурд!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр намуданд:  “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.  Воқеан,  амалҳои коррупсионӣ ба  амният ва суботи ҷомеаи мутамаддин таҳдиди ҷиддиро ба вуҷуд оварда, ба раванди ниҳодҳои демократӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва адолати иҷтимоӣ монеаи бузургеро пеш меорад.

Бо мақсади татбиқи амалии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки мақсаду мароми он коҳиш додани сатҳи коррупсия, бартараф намудани монеаҳо ба рушди иқтисодиёт ва демократия мебошад, мулоқоти сардори шуъбаи Раёсати Агентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд  Неъматзода Дилшод Зарифӣ бо устодону донишҷўёни ДДҲБСТ доир гардид.

Ректори донишгоҳМумин Шарифзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлату ҳукумат маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии амиқ дорад. Аз ин рў, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рўз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.

 Дилшод Неъматзода мақсади ташкилу баргузории мулоқотро дар пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва муборизаи дастаҷамъона алайҳи ин гуна амалҳо арзёбӣ намуда, афзуд, ки  соли ҷорӣ дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи 51,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва 485 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор гардид.

Дар самти пешгирии коррупсия дар давраи ҳисоботӣ 274 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба коррупсия ошкор гардида, ба маблағи беш аз 271 ҳазор сомонӣ ҷарима рӯёнида шуд. Инчунин, дар ин давра аз тарафи кормандони раёсат 8 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик, ки бар хилофи талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ» мебошанд, ошкор ва бо андешидани чораҳои қонунӣ бартараф карда шудаанд. Муаммои дигаре, ки ҳамаи моро ба ташвиш андохтааст, ин масъалаи ғайриқонунӣ ба фурўш рафтани замини давлатӣ аст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ 51 ҷинояти коррупсионӣ вобаста ба замин ошкор ва ба қайд гирифта шудааст-афзуд подпалковники адлия Дилшод Зарифӣ.

Дар интиҳои баромади худ Дилшод Зарифӣ аз аҳли толор, устодону донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз паёварди нохуши коррупсионӣ худро эмин нигоҳ дошта, алайҳи ин падидаи номатлуб, ришваю ришвахорӣ муборизаи дастҷамъона баранд.

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/