БА АНГЕЗАҲОИ ХАЛАЛДОРКУНАНДАИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ БЕТАРАФ НАБОШЕД!

Дар партави  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон сӯҳбату мулоқоти ошкорои роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти

Суғд бо устодон ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят баргузор гардида истодааст.

Имрўз, тибќи наќша чунин мулоќотро сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони раёсати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковник Саидзода Баҳром Раҷабалӣ бо устодону донишҷӯёни факултетҳои молия, инноватсия ва телекоммуникатсия доир намуд. 

Сараввал, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Сӯҳроб  Ҷамолов дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки ҳамкории мутақобилаи раёсат ва муҳассилини донишгоҳ бо мақомоти корҳои дохилӣ дар ташкил ва баргузор намудани мулоқоту сӯҳбатҳои ошкоро доир ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, махсусан донишҷӯён ва нақши пурсамар гузоштан дар ташаккули ҷомеаи солим мунтазаму назаррас мебошад.

Сипас, Баҳром Саидзода доир ба масъалаҳои изтиробангезе, ки дар байни ҷавонон ҷой доранд, аз ҷумла: вазъи содиршавии ҷиноятҳо, махсусан авбошӣ ва муноқишаҳои гуруҳӣ, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, риоя нагардидани талаботи онунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», коста гардидани маърифати ҳуқуқӣ,  интизоми пасти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, беназоративу оворагардии ноболиғон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои тундрав ва бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор даст задани ҷавонон бо овардани далел ва мисолҳои дақиқ,  ки  аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ натиҷабардорӣ шудаанд,  суханронӣ намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки давоми  соли 2018  барои риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зиёда аз 800 санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Танҳо давоми 5 моҳи соли ҷорӣ 9 ҳолати бо нақлиёти шахсӣ ба донишгоҳ ҳозир шудани донишҷӯён ошкор  гардид.

Дар мулоқот аз донишҷўён даъват ба амал оварда шуд, ки бо шарофати иродаи қавӣ, хушёриву зиракӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ва меҳру мухаббати бепоён ба обу хоки ватан дар бартарафсозии ангезаҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва унсурҳои ҷинояткорӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, зиндагии орому осуда, бехатарии худ ва аҳли пайвандон бетараф набошанд. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/