Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ-ҳифзи ҳаёти ҷомеа

     Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон нигаронида шуда, ба амал омадани ҳодисаҳои роҳу нақлиётро пешгирӣ менамояд. Дар иртибот ба ин, дар донишгоҳ бо мақсади риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт вохўрии нозирони

калони гурўҳи ташвиқот ва тарғиботи шўъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд, майори милитсия Карим Ҷумъаев ва Ҷовид Сафарзода, сардори Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд, полковник Юсуфҷон Гадоев, нозири гурўҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА шаҳри Хуҷанд, майори милитсия Мирзомубин Охунов бо устодон ва зиёда аз 400 нафар донишҷўён доир гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Мумин Шарифзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд. Мавсуф аз таваҷҷўҳу ғамхориҳои ҳукумати мамлакат, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати  ҷавонон ҳарф зада, иброз дошт, ки бо вуҷуди дастгирии пайваста ҳанўз ҳам аз тарафи баъзе ҷавонон қонунвайронкуниҳо дар сатҳи ҳаракати роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд ва ҳадафи вохўриро иртибот ба он арзёбӣ намуд.

Карим Ҷумъаев оид ба вазъи садаманокии чор моҳи соли 2018 дар миқёси вилояти Суғд сухан ронд. Аз ҷумла, аз садамаҳои оқибаташ ҳалокатовар ва шумораи ҷароҳатбардоштагон маълумот дода, содиркунандаи 8 адад садамаои роҳу нақлиётии ба қайдгирифтшударо марбут ба донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят донист.

            Юсуфҷон Гадоев оид ба қонунҳои амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт ва таъмини риояи онҳо  ибрози андеша намуд.  Бори дигар хотирнишон сохт, ки донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар сурати бо  автомашинаҳои шахсӣ ба дарс ҳозир шудан, тартиботи  ҷамъиятӣ, аз ҷумла қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудан,  бе ҳуқуқи барқароркунӣ аз муассисаҳои таълимӣ хориҷ карда мешаванд.

Баргузории чунин вохўриву мулоқотҳо хеле муфиду саривақтӣ буда, донишҷӯёнро водор месозад, ки қонунҳои амалкунандаи соҳаи роҳу нақлиётро омўхта, риоя намоянд. Зеро, таъмини риояи онҳо гарави пешгирии қоидавайронкуниҳост. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/