ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РУШДИ ДУРНАМОИ ДАВЛАТ

Дар асоси нақшаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои КМИК-и вилояти Суғд ва ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои  КМИК-и донишгоҳ дар мавзӯи «Омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон»

вохӯрии раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мусобек Мировотов, сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони раёсати ВКД-и ҶТ дар вилояти Суғд подполковник Саидзода Баҳром Раҷабалӣ, ҷонишини сардори хадамот подполковник Нозимҷон Турсунов бо донишҷӯёни фаъол доир гардид.

 Сараввал, Раиси КМИК-и донишгоҳ Аминҷон Амонов ба сухан баромада, аз сиёсати ҷавонон, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати давлат дониста мешавад, ибрози андеша намуд.  

Дар мулоқот раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мусобек  Мировотов ба сухан баромада, оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат ва ҳукумат ба соҳаи маориф ибрози андеша намуд. Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ подполковник Саидзода Баҳром Раҷабалӣ ва подполковник Турсунов Нозимҷон зимни баромади хеш аз нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба содиршавии ҷиноят байни ҷавонон ва ноболиғон дар се моҳаи аввали соли 2018, пешгирии шомилшавии  ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз даст надодани ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ ибрози андеша карданд.

Дар фарҷом, Раиси КМИК-и донишгоҳ Аминҷон Амонов ба меҳмонон ҷиҳати иштирокашон дар ин вохӯрӣ миннатдорӣ баён намуд. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/