МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Дар донишгоҳ дар мавзӯи «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ  ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо

дар руҳияи ватандӯстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ, худшиносӣ ва пойдории сулҳу суботи Тоҷикистон» мулоқоти намояндагони Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо донишҷӯён доир гардид.

Дар мулоқот муовини сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники милитсия Ҳасанзода М., сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар вилояти Суғд, подполковник Саидзода Баҳром Раҷабалӣ ва ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси дараҷаи I, капитан Мадазимова Лайло иштирок доштанд.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбия, профессор Мубинахон Хоҷаева вохӯриро оғоз намуда, ҳадафҳои онро шарҳ дод.

Подполковник Саидзода Баҳром Раҷабалӣ оид ба муҳимтарин  нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, дар хусуси тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ибрози андеша кард.

Ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Мадазимова Лайло перомуни  масъалаҳои  доғи рӯз, аз қабили  терроризм ва экстремизм, ҳамчунин касбомӯзии ҷавонон, нақши босазои ҷавонон дар пешрафту шукуфоии Ватан, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», авзои сиёсии ҷаҳони муосир  сухан ронда,  ҳозиронро даъват намуд, ки ба хотири таҳкими сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҷлили сазовори 30-солагии ин рӯйдоди бузурги таърихии давлат саҳмгузор бошанд. 

Дар фарҷоми вохӯрӣ профессор Мубинахон Хоҷаева ба меҳмонон барои иштирок ва суҳбатҳои пурмуҳтавояшон арзи сипос намуда, қайд кард, ки раёсати донишгоҳ дар ҷодаи ба ҳаёт татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳо андешида, аз ҷумла ба доир намудани ҳамингуна вохӯриҳои судбахш бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътибори дучанд хоҳад дод. 

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1140-mulo-ot-bo-namoyandagoni-ma-omoti-ifzi-u-u.html#sigProGalleriaa0acbe8f14
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/