МУЛОҚОТ БО АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ҲХДТ

Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҳизб ва дар асоси протоколи №8-и машварати назди Раиси шаҳри Хуҷанд Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» силсилаи мулоқоту вохӯриҳоро бо ҷавонони шаҳр оид ба пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм ва барои босифат иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуда истодааст. Мувофиқи нақша – чорабинии якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Прокуратураи шаҳр ва ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои тадбирҳои протоколи №8 ҷаласаи машваратии назди Раиси шаҳри Хуҷанд аз 26 феврали соли 2018 оид ба пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм дар донишгоҳ бо Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, ректори донишгоҳ профессор Мумин Шарифзода, Ваколатдори калони оперативии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шараф Ҷабборов,  барқароркунандаи сохти конститутсионӣ  Аббосҷон Соддиқов вохӯрии судманд баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Мӯмин Шарифзода ба вохӯрӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо мӯҳтавои барномаи машварат шинос намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ зимни баромади хеш қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба шумор рафта, зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат ва ваколатҳои он мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон борҳо аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.   

Сипас, капитани милитсия Шараф Ҷабборов дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин гуна ҷиноятҳо оварда мерасонад, маъруза намуда, зикр кард, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад.

Дар охир, ректори донишгоҳ профессор Мӯмин Шарифзода ба меҳмонон ҷиҳати иштирок ва суханрониашон изҳори миннатдорӣ намуа, ба  чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/