САДРИДДИН АЙНӢ- МАОРИФПАРВАР ВА ОЛИМИ БАРҶАСТА

Поягузори  адабиёти муосири тоҷик, арбоби барҷастаи сиёсиву ҷамъиятӣ, маорифпарвар, академик ва аввалин Президенти  Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Нахустқаҳрамони  Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ аз шумори фарҳехтагони камшуморест, ки бо кору пайкораш эҳё ва бақои миллати худро таъмин

кардааст. Бахшида ба 140 - солагии ҳаёт ва фаъолияти ин шахси таърихӣ Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар донишгоҳ конференсияи илмӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ - мутафаккир, маорифпарвар ва олими барҷаста» бо иштироки васеи олимону донишҷӯён баргузор гардид. 

Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия профессор Нуъмонҷон Ғаффоров оғоз бахшида, иброз дошт, ки сардафтари адабиёти асри ХХ устод Айнӣ, аввалин адибе, ки дар эҷодиёташ ҳаёти воқеии мардумро ошкоро тасвир намуда, чун асосгузори адабиёти реалистии тоҷик шинохта шудааст. Ҳамзамон зикр намуд, ки гуманизми Айнӣ – гуманизми фаъол, мубориз, ҳаётҷўёна ва инқилобӣ буда, ӯ ба ҳимояти башарият ва мудофиаи мардуми ранҷбар аз зулму истисмор далерона мубориза бурд ва бо асарҳои бадеӣ, таърихӣ ва публитсистии худ роҳи наҷот ва озодии онҳоро нишон дод.

Тибқи барнома мудири кафедраи  забони тоҷикӣ дотсент Аслам Каримов  дар мавзӯи «Партаве дар ҷаҳони маърифат», профессор Туғрал Шокиров таҳти унвони «Асилвожаҳои тоҷикӣ дар «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод  Садриддин Айнӣ» ва сармуаллими  кафедраи забони тоҷикӣ Абдухолиқ Мирниёзов бобати шарҳи мусбати замон дар «Ҷаллодони Бухоро» маърӯза намуданд.

Дотсент Аслам Каримов зимни баромадаш қайд намуд, ки адабиётшинос А.Сайфуллоев ҳамчун муҳаққиқи зиндагӣ ва осори устод Айнӣ дар даҳҷилдаи асарҳои мунтахаб, ки ҳама  паҳлўҳои эҷоду тафаккур, камолоти маънавӣ, хислатҳои бузурги адолатпарварӣ, озодихоҳӣ ва башардўстонаи устод Айниро чунин таъкид менамояд: «Ў адабиёти шўравии тоҷикро бо мавзўю мундариҷа ва ғояҳои олӣ, сифат ва хусусиятҳои нав бой кард. Зеро, вай дар мамлакати мо сулҳ, озодӣ, бахту саодат, бародарию баробарӣ ва адолати иҷтимоиро тасдиқ кард».

Профессор Туғралхон Шокиров зимни маърӯзаи хеш иброз дошт, ки ҳар як асари адабиву илмӣ ва таърихии ин устоди сухан, таърихи дин, маданият, расму суннати халқиву миллӣ саҳифаи тозаеро дар таърихи адабиёт мекушояд. Мавсуф бо овардани далелҳои мушаххас аз «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод  Садриддин Айнӣ баён дошт, ки дар аксар вақт дар ин луғатнома як калима бо чандин маъноҳо тафсир ёфтааст, ки ин хусусият дар дигар фарҳангҳо дида намешавад. Ва устод Айнӣ бо таълифи ин луғат исбот намудааст, ки забони тоҷикӣ дорои таркиби луғавии бой, вожаву унсурҳои муштарак, мафҳумҳои наву тоза буда, ҷанбаи таркиби луғавии забони тоҷикӣ нисбат ба забонҳои форсиву дарӣ бештар мебошад.

 Абдухолиқ Мирниёзов дар рафти баромадаш зикр дошт,  ки Садриддин Айнӣ дар асарҳои худ «Одина», «Мактаби кӯҳна», «Марги судхӯр», «Ятим», «Ёддоштҳо», «Инқилоби Бухоро» ва «Ҷаллодони Бухоро» тамоми он мусибату бадбахтиҳои аморати Бухороро, ки як вақте «сайқали рӯи замин» ҳисобида мешуд ва дар охири   асри XIX ва ибтидои қарни  XX аз шукӯҳу шаҳомати худ фурӯ омада буд хеле мӯшикофона инъикос менамояд. Махсусан, повести «Ҷаллодони Бухоро», ки соли 1920 навишта шудааст, тамоми он бадбахтиҳоро воқеъбинона инъикос кардааст.

Боиси тазаккур аст, ки дар ҳақикат устод Айнӣ саромади адибони худшинос ва тарғибгари рӯҳи миллӣ, зиндакунандаи адабиёту таъриху фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик дар асри гузашта ба ҳисоб меравад.  Доир намудани чунин чорабиниҳо дар донишгоҳ бори дигар аз хизматҳои беҳамтои ин адиби бузург дар арҷгузории забони фасеҳи тоҷикӣ дарак дода, аҳли нишаст тавассути ашъори безаволи Айнӣ бо як давраи  мудҳиши таърихӣ ошно гардиданд.

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/