Дастоварди варзишгари мо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду суханрониҳояшон  пайваста нақши варзишро дар муаррифии давлату миллат, беҳдошти саломатӣ ва ташаккули  ҷисмониву маънавии инсон таъкид намуда, оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзишро яке аз самтҳои муҳими сиёсати имрўзаи иҷтимоии ҳукумати Тоҷикистон қарор доданд.

Ҷавонони саодатманди кишвар аз ин таваҷҷўҳу ғамхории Сарвари кишвар нисбати соҳаи варзиш, фароҳамории шароити мусоид ва дастгирии ҳамешагии варзишгарон руҳу илҳоми тоза гирифта, ғайрату қувват ва азму иродаи хешро ба самти зарурии ҳаётӣ равона месозанд. Амирҷон Ҷӯраев яке аз чунин ҷавононест, ки дар баробари таҳсил дар курси 3-юми ихтисоси ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон варзишро  гарави саломатӣ ва  василаи парвариши насли солиму нерўманд дониста, пайваста машғули он аст.

Амирҷон, иштирокчии фаъоли чорабиниҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Чемпионати Тоҷикистон, мусобиқаҳои кушоди вилоятиву шаҳрӣ аз рўи намуди варзиши гуштиниюнонӣ-румӣ мебошад. Натиҷаи иштироки фаъолонаи ў аз рўи ин намуди варзиш дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳурӣ, вилоятиву шаҳрӣ  боиси  қадрдониаш бо чандин дипломи дараҷаҳои 1 ва 2,  17 медали тилло, 12 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардид.

Боиси хушнудист, ки соли ҷорӣ ба Амирҷон Ҷӯраев  гирифтани мақоми “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” оид ба гуштини юнону румӣ мушарраф гардид. 

Вақте бо Амирҷон ҳамсўҳбат шудем, пай бурдем, ки ў ба ҳайси донишҷў таҳсил  дар факултети ҳуқуқшиносиро мактаби азхудкунии қонунҳо ва ҳамчун варзишгари тавоно  варзишро  мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ ҳисобида, ҳар як лаҳзаи ҳаёти хешро оқилонаву мақсаднок истифода мебарад.  Ҳамчун варзишгар худро хушбахт меҳисобад ва иброз медорад, ки зимни иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ лаҳзаҳои садо додани Суруди миллӣ ва афрохта шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлолу биҳиштосоям мекунам.

Раёсат, ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Амирҷонро барои пирўзӣ, дастовардҳо  ва соҳиб гардидан ба мақоми волои варзишӣ табрик намуда, дар ҷодаи таҳсилу варзиш бурдбориҳо таманно менамояд.

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1062-dastovardivarzishgarimo.html#sigProGalleria406c90f95f
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/