Шартномаи ҳамкории нав – имконияти нави ҳамкорӣ

Бо қаноатмандӣ бояд изҳор намуд, ки имрӯз донишгоҳ бо 55 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногун дорад.  Аз ҷумла, шартномаҳои ҳамкорӣ бо 32 муассисаҳои илмию таълимии Федератсияи Русия, 8 муассисаҳои ватанӣ, 4 муассисаҳои Ҷумҳурии Қирғизистон,

2 муассисаҳои Латвия, 1 муассисаҳои Қазоқистон, Ҷопон, ИМА, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Финляндия, Украина, Белорусия, Хитой, Ҳиндустон баста шудаанд.

Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Об ва истифодаи он – мушкилоти глобалии замони моусир” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки дар донишгоҳамон санаи 5 апрел оғоз гардид, ҷиҳати даъват намудани меҳмонони хориҷӣ ба чорабинии мазкур ва бастани созишномаҳои нав имконияти мусоид фароҳам овард.

Дар конференсия Каплун Виктор Владимирович - ректори Донишгоҳи миллии технология ва дизайни Киев, д.и.т., профессор иштирок намуд, ки ӯ аввалин меҳмони донишгоҳамон аз Украина мебошад. Зимни  вохӯрӣ аз ҷониби В.В. Каплун ва ректори донишгоҳ М.М. Шарифзода шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. 

Умед дорем, ки дар доираи шартномаи нави баимзорасида дар самти табодули донишҷӯён, такмили ихтисоси устодон ва тайёр намудани мутухассисони ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир  корҳои судманд ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои муфид ба бор хоҳад овард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1061-shartnomai-amkorii-nav-imkoniyati-navi-amkor.html#sigProGalleriafcaef910f3
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/