Саёҳат – анъанаи неки гузаштагон

Сайру саёҳат яке аз анъанаҳои неки гузаштагони мардуми тоҷик ба шумор рафта, сол аз сол аҳамияти он дар пешрафти зиндагии шахс ва рушди ҷомеа бештар мегардад. Аз қадимулайём бо мақсади таҳсил, тиҷорату зиёрат одамон ба кишварҳои дуру наздик сафар менамуданд. Майлу хоҳиш барои дидани маконҳои таърихӣ, табиати зебою афсонавии манотиқи олам, пешрафту тараққиёти илму фарҳанг, марказҳои илмӣ ва бархўрдор шудан бо тарзи зиндагии халқиятҳои кунҷу канори олам хоҳиш ашхоси худогоҳ ва соҳибмаърифатро новобаста ба монеаву мушкилоташ кам наменамояд. Аз байни донишмандони тоҷик кам набуданд нафароне, ки солҳои тўлонӣ умри худро дар сарзаминҳои дуру наздик сипарӣ карда бошанд. Яке аз мисолҳои барҷаста ин гуфтаҳо мутафаккири форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ мебошад, ки мувофиқи баъзе маълумотҳо ў зиёда аз 30 сол дар сафар қарор дошт ва ў дар осори хеш ин нуктаро чунин баён намудааст:

СОЛИ 2018 - СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди устувори кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ буда,  бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар эълон шудани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  хеле бамаврид аст. Зеро,  табиат  ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи  мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.

http://www.zoofirma.ru/