Мавқеи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалии об

 Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об  хоҳад шуд.

Татбиқи ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амиқ дарк намудани аҳамияти об, ҳам барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳам таъмини сулҳу субот саҳми арзанда мегузорад. Сарвари давлат Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри ин нукта таъкид карданд, ки: «Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод».

Маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ,  самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба  рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Мутаассифона, хавфи сар задани бӯҳронҳои обӣ бинобар афзоиши шумораи аҳолии сайёраи замин ва коҳиш ёфтани захираҳои об тамоюли афзоишро касб карда метавонад. Олимон тахмин менамоянд, ки то охири даҳсолаи ҷорӣ дар ҳудуди ду миллиард аҳолии кураи Замин ба мушкили камбуди мутлақи об дучор хоҳад гардид. Аз ин рў, дар шароити  ниёзмандии рӯзафзуни ҷаҳонӣ ба об ҳамкориву шарикии созандаи кишварҳо дар ин самт тақозои замон аст.

Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯби  Рӯзномаи глобалӣ  фаъолона пеш мебарад. Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии оби ошомиданӣ (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалҳо  “Об барои ҳаёт” (2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро (2013) эълон кард.

Чорабиниҳои глобалии мазкур дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об чи барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ,  ҳифзи экологӣ ва чи дар таъмини сулҳу субот ва рушд саҳми шоёни худро гузоштанд.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон талошҳои худро дар ин ҷода бо мақсади тақвияти пешравиҳои  бадастомада ва дастёбӣ ба натиҷаҳои нав идома медиҳад. Аз ин лиҳоз Даҳсолаи байналмилалии нав таҳти унвони “Об барои рушди устувор”  эълон карда шуд.  Сарвари давлат бо боварии комил изҳор доштанд, ки «ин ташаббус заминаи мусоидро барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор оид ба об фароҳам оварда, ба таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда мусоидат хоҳад намуд».

Тоҷикистон мавзӯи марбут ба обро  ҳамчунин дар чорчӯбаи  Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки бо ибтикори Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ таъсис ёфтааст, пеш мебарад. Сентябри соли 2016 Панели мазкур Нақшаи амалҳоро қабул намуд, ки яке аз санадҳои дастурии муҳим дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои вобаста ба об дар ҳамаи сатҳҳо ба ҳисоб меравад.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон  захираҳои бузурги обро дар теъдоди зиёди пиряху дарёҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои обии зеризаминӣ доро аст. Дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад.

Ҳукумати Тоҷикистон  ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад. Танҳо дар даҳ соли охир  ин соҳаи ҳаётан муҳим дар ҳудуди як миллиарду ҳафтсад миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда шуд.  Сарфи назар аз ин, Тоҷикистон дар бахшҳои фаръии вобаста ба об ҳоло ҳам рӯ ба рӯи мушкилот қарор дорад. Чунин ҳолат, пеш аз ҳама, бо зерсохтори фарсудашуда, имкониятҳои маҳдуди молиявӣ ва норасоии иқтидорҳои техникӣ  вобастагӣ дорад. Тайи даҳсолаи охир ҳолати таъминоти зиёда аз якуним миллион аҳолӣ бо оби ошомиданӣ беҳтар гардонида шуд. Ҳамзамон, як қисмати аҳолӣ, бахусус дар деҳот, ҳоло ҳам ба  шароити беҳтар дар арсаи беҳдошт ва дастрасӣ ба манбаъҳои тозаи оби нӯшокӣ ниёзманд аст.

Ҳарчанд  ки Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дорост ва солҳои охир мушкилоти таъмини барқ ҳалли худро ёфта истодааст, масъалаҳои мухталифи ҳалталаби иҷтимоиву иқтисодӣ, ки аз таъмини устувори неруи барқ вобастаанд, ҳанўз зиёданд. Аз 527 миллиард кВт/соати иқтидори мавҷуда, ҳар сол танҳо 3-4 фоизи он истифода мешавад.   Ин нишондиҳандаҳо аз имконоти бузурги ҳалли мушкилоти мавҷуда шаҳодат медиҳанд.

Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад. Зарур аст, ки ба таҷдиди зерсохтори зироаткории обёришаванда бояд манбаъҳои зиёди молиявӣ ва талошҳои дахлдор равона карда шаванд.

Мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печидатар мегардонанд. Тўли даҳсолаҳои охир масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои кишвар, ки  сарчашмаи асосии дарёҳо мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд. Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд. Бар асари чунин офатҳои табиӣ ҳамасола зерсохторҳо вайрон гардида, масоҳатҳои калон зери об мемонанд ва ба иқтисоди мамлакат зарари зиёд расонида мешавад. Аз рўи ҳисоби коршиносон, танҳо дар натиҷаи гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015,  обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар дар андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд. Аз ин хотир,  ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои обии кишвар ва бо ин тағйиротҳо  мутобиқ гардонидани низоми истифодаи об андешидани чораҳои муассир зарур аст. Идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои обии минтақа таъсири манфӣ расонад.

Имрўз масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин асос мавқеъгирии ҳамгироёна нисбати масъалаҳои вобаста ба об, ки метавонад заминаи расидан ба комёбиҳои нав шавад, дар Барномаи ислоҳоти бахши оби  Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2025 пешбинӣ карда шудааст. Барномаи мазкур дар заминаи ду усули асосӣ: ҷудо кардани вазифаҳои сиёсӣ аз танзими фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ ва гузариш ба низоми идоракунии ҳавзавӣ таҳия гардидааст. Расидан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва дигар  вазифаҳое, ки ба  Ҳадафҳои  рушди устувори марбут ба об ворид гардидаанд, ҳамчунин ба  Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шомил карда шуданд.

Баробари ин кўшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи об, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ қайд кардан бамаврид аст. Возеҳ аст, ки имрӯз мушкилоти вобаста ба обро бе ҳамкории фарогир, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ, ҳал кардан ғайриимкон аст.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавқеи қотеонаи Тоҷикистонро нисбати мушкилоти печидаи обию энергетикии минтақа борҳо эълон карда таъкид менамояд, ки танҳо ҳамкорӣ ягона василаи оқилонаи ҳалли онҳо мебошад. Аз ин рў дар Консепсияи  сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба масъалаҳои дипломатияи об диққати хосса дода шудааст.

Пўшида нест, ки Минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай имрӯз оқибатҳои манфии таъсири тағйироти иқлимиро эҳсос менамояд. Ҳарчи бештар солҳои боришоти зиёд ва хушксолиҳо, ҳарорати баланди ҳаво дар фасли тобистон ва хунукиҳои дарозмуддат дар зимистон мушоҳида мешаванд. Дар натиҷаи чунин ҳодисаҳои ғайримуқаррарӣ дар табиат кишварҳои минтақа талафоти зиёди иқтисодӣ бардошта истодаанд ва возеҳ аст, ки ин тамоюл дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт. Бар замми он дар солҳои оянда зиёд шудани аҳолии минтақа ба таври назаррас аз эҳтимол дур нест. Аз ин сабаб омили мазкур  зарурати андешидани чораҳои иловагиро ҷиҳати рушди иқтисодиёт,  аз ҷумла бо мақсади зиёд кардани истеҳсоли маводи ғизоӣ ва нерӯи барқ ба миён меоварад.

Мусаллам аст, ки дар чунин шароит барои таъмини амнияти соҳаи об, энергетикӣ ва озуқаворӣ ҷалби маблағҳои калонҳаҷм ба зерсохторҳои нав, ҳамчунин технологияҳои муосири сарфаи обу барқ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии мавҷуда зарур аст. Он ҳам боиси зикр аст, ки захираҳои обӣ ба сифати манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия дар амалияи таъмини консепсияи “рушди сабз”, ки ҷавҳарашро раҳоии тадриҷии иқтисод аз пайвастҳои карбогидридӣ ташкил медиҳад, дорои ҷойгоҳи хоссаро мебошанд.

Захираҳои бузурги обии Тоҷикистон ва қаторкӯҳҳои зиёди он имконоти фаровони истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаро дарбар мегиранд. Тавассути онҳо кишвари мо метавонад дар татбиқи ин консепсия саҳмгузор бошад. Ҳамкориҳои судманд ва амалҳои мувофиқашуда дар  самти истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, бешубҳа, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди натанҳо вобаста ба об, балки амалӣ гардонидани дигар ҳадафу масъалаҳо мусоидати ҷиддӣ намояд.

Амалиёти Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва дигар барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушд, маблағгузорӣ ва мудирияти захираҳои табиӣ заминаи мустаҳками ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистонро фароҳам меоранд. Мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, дигар мавқеъгириҳои самаранок ва ташаббусу талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тамоюлҳои мусбӣ дар раванди расидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда оид ба масъалаҳои об ва беҳдошт омили мусоидакунанда мебошанд.

Ҳамзамон, ҳамаи кишварҳо  бояд дарк намоянд, ки дар ин масъалаҳо ҳамаи онҳо ҳоло ҳам бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳалли онҳо амалҳои дастаҷамъона ва ҳамоҳангшударо тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, қабл аз ҳама, бояд чунин механизмҳои амалӣ гардонидани ҳадафу мақсадҳои мувофиқашуда таҳия ва роҳандозӣ карда шаванд, ки дар асоси онҳо ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандаи об ҳам имконияти дастрасӣ  ва ҳам имконияти баробари қонеъ гардонидани ниёзмандии худро ба об дошта бошанд.

Ҳамин тариқ, натиҷаҳои талошҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор  хоҳанд шуд. Тоҷикистон мақсад дорад, ки ҷиҳати ноил шудан ба  ин ҳадафҳо ва татбиқ намудани ташаббусҳо аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода барад.

 Самадова З.А.

http://www.zoofirma.ru/