Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Сардори шўъба, номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Ҳакимова Башорат Наимовна

Шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа, ки қаблан чун Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ зикр мегашт, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз санаи 29 январи соли 2016, таҳти №40 бо унвони имрўза бадали ном кард. Оғози фаъолияти шўъба аз моҳи сентябри соли 2012 аст. Дар асоси Низомномае, ки бо қарори ҷаласаи Шўрои олимони ДДҲБСТ аз 20.09.2012, №1 тасдиқ шудааст, шўъба фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи иттилоот, таҳсилоти олӣ ба татбиқи сиёсати давлату ҳукумат дар соҳаи маориф, тарғиби арзишҳои маънавию фарҳангӣ, дар руҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, вусъати фазои иттилоотӣ, таҳкими робита бо воситаҳои ахбори умум, ҷалб намудани онҳо барои инъикоси ҳамаҷиҳатаи дастоварду пешравиҳои донишгоҳ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам, густариши ҳамкории донишгоҳ ва оила, ташкилоту корхонаҳо равона намудааст.

Шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи донишҷўён, таҳлили сатҳи фаъолияти сохторҳои донишгоҳ, омўзиш ва таҳлили афкори ҷомеа, мустаҳкам намудани робитаи донишгоҳ бо ҷомеа ва ВАО таъсис дода шуда, риоя ва сатҳи иҷроиши саривақтӣ ва самараноки санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо, консепсияҳо, иҷроиши саривақтии фармонҳо, қарорҳо ва масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия ва илму таҳсилотро мавриди назорат, таҳлил ва натиҷагирӣ қарор медиҳад.

Туфайли таъсиси шўъба доираҳои ҳамкории байни донишгоҳу воситаҳои ахбори умум ҳамаҷониба густариш ёфт. Ҳамин аст, ки оиди фаъолияти аҳли донишгоҳ, дастовардҳои навини он тавассути телевизионҳои давлатию хусусӣ пайваста барномаву гузоришҳо таҳия ва пахш мегарданд. Дар саҳифаҳои нашрияҳои даврии маҳаллию ҷумҳуриявӣ хабару мақолаҳо перомуни самтҳои фаъолияти донишгоҳ ба нашр мерасанд. Сомонаи донишгоҳ бо маводе, ки фарогири рўйдодҳои навини ҳаёти илмию таълимӣ ва тарбиявию фарҳангии донишгоҳ мебошанд, мунтазам таъмин карда мешаванд.

Робитаи байни донишгоҳ ва воситаҳои ахбори умум дар пояи баланд роҳандозӣ шуда, туфайли ин ҳамкорӣ шўъба бо як қатор рўзномаҳо ба таҳияю нашри саҳифаҳои махсус аз ҳаёт ва фаъолияти ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ мушарраф гардид.

Дар шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа сабти навору гузоришҳои ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ, омўзгорони пешқадам, таҷрибаҳои шоиста ҳифзу нигаҳдорӣ шуда, пайваста ба воситаи телевизиони дохилидонишгоҳӣ ва шабакаҳои дигар ба намоиш гузошта мешаванд. Шўъба ҳамкориашро бо шўъбаи технологияи инноватсионӣ пайваста вусъати тоза бахшида, аз имкониятҳои шабакавии донишгоҳ самаранок истифода мебарад. Туфайли ҳамкорӣ бо шўъбаи технологияи инноватсионӣ фаъолияти телевизиони дохилидонишгоҳӣ рушд намуда, доираи пахши иттилоот густариш дода шуд. Дар назди шўъба барномаи иттилоотии ҳармоҳаи «Набзи донишгоҳ» таъсис ёфт. Бинандагони барнома дар давоми 30-45 дақиқаи пахши иттилоот бо навигариҳои ҷолиби ҳаёти донишгоҳ ҳамаҷиҳата ошно мешаванд.

Тавассути шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа тариқи телевизионҳои марказию маҳаллӣ ва дохилидонишгоҳӣ пешкаши бинандагон гардонида шудани силсилабарномаҳои фарҳангӣ, мизҳои мудаввар, «Интеллект-Шоу», барномаҳои маърифатӣ-ҳуқуқии «Кошонаи маърифат» ва «Набзи донишгоҳ» аз падидаҳои ҷолиби ҳаёти илмию маърифатии ДДҲБСТ маҳсуб меёбанд.

Таҳияи нақша-чорабиниҳо вобаста ба қарорҳои Шўрои олимон, ҷаласаҳои раёсати донишгоҳ, мулоқоту вохўриҳои ректори донишгоҳ бо муҳассилину устодони факултетҳо, чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва таҳлилу натиҷагирӣ аз вазъи иҷрои онҳо аз самтҳои муҳими фаъолияти шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар нақшаи кории шўъба таҳлили вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷой дода шуда, рафти иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони шўъба таҳлил ва дар Шўрои олимони донишгоҳ, ҷаласаҳои раёсати донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Таҳлили вазъи иҷрои ҳуҷҷатҳои воридотии назоратӣ аз самтҳои дигари фаъолияти шўъбаи таҳлил ва робита бор ҷомеаи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои воридшаванда таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад.

Аз рўзҳои нахустини таъсисёбии шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа сарварии онро Аълочии маорифи Тоҷикистон, номзади илмҳои физика - математика, дотсент Р.А. Ахмедов бар ўҳда дошта, ҳамчун роҳбар барои рушду такомули ин сохтор, афзун гардидани нуфузу эътибори донишгоҳ саҳми босазо гузошт. Дар шўъба инчунин узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ғ. Ҷўраев номзади илмҳои филологӣ, дотсент Б.Н. Ҳакимова., С.Х. Амаков, Р. Ҳикматуллоев, Н. Валиева фаъолият намудаанд.

Ҳайати кормандони шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа моҳи августи соли 2015 қисман тағйир ёфта, дар он мутахассисон А.Ҷ. Султонова Охунҷонова Н.Р., наворбардор Ҳикматуллоев Р.Н., муҳаррири сомонаи берунии донишгоҳ Амаков С.Х., аксбардор С.Юсуфӣ ва коргузор Ахмедова С.Н. фаъолият бурданд. Роҳбарии шўъбаро аз моҳи августи соли 2015 то сентябри соли 2016 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рустамов Ш.Р. ба зимма дошт. Аз оғози соли хониши 2016-2017 сохтор ва ҳайати кормандони шўъба қисман тағйир ёфт: идораи нашрияи донишгоҳии «Маъвои хирад» ба шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа гузаронида шуд. Моҳи октябри соли 2016 роҳбарии шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаро номзади илмҳои филологӣ, дотсент И. Раҳимов ба зимма дошт. Айни замон, аз санаи 1 ноябри соли 2016 роҳбарии шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳакимова Башорат Наимовна ба зимма дорад. Шўъба дар ҳайати зерин фаъолияти худро пеш мебарад: сардори шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа, Аълочии маорифи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Б.Н Ҳакимова, сармуҳаррири нашрияи донишгоҳии «Маъвои хирад», узви Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон А.Д. Ғафуров, муҳаррири нашрияи донишгоҳии «Маъвои хирад», узви Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон С. Дадобоев, мутахассисон Н.Р. Охунҷонова, С.Э. Шарифова, наворбардор М.Ҷ. Қосимов, аксбардор С. Юсуфӣ, муҳаррири сомонаи берунии донишгоҳ М. Дадобоев.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Тел.барои тамос: 8(3422) 2-17-15

Еmail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/