ШЎРОИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ ДОНИШГОҲ

Раиси Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Саидзода Шўҳрати Шукур

 Шўрои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ , бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли 1995 таъсис ёфтааст. Шўрои  олимони  ҷавон   ташкилоти  ҷамъиятии  назди  муассисаи таҳсилоти  олии  касбӣ  буда,  аз  намояндагони   тамоми   сохторҳои  донишгоҳ таъсис ёфтааст. Ба  ҳайати  Шўрои  олимони  ҷавон  метавонанд магистрантон, докторантҳо аз рўи ихтисос (аспирантон), инчунин ассистентон, саромўзгорон ва устодони дорои унвону дараҷаҳои илмии то синни 35-сола дохил шаванд. Шўрои  олимони  ҷавон  ташкили  фаъолияти  умумии  олимони ҷавон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро таъмин мекунад.

Бо мақ сади баланд бардоштани малакаи суханварӣ, фикрронӣ ва такмили донишҳои илмии олимони ҷавони донишгоҳ аз моҳи январи соли 2016 дар назди Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ маҳфили олимони ҷавон бо номи «Илм ва ҷомеаи муосир» таъсис дода шудааст, ки фаъолияти он босамар идома дорад. х

Мақ сади фаъолияти Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ:

- рушди  касбии  олимони ҷавон;

- муттаҳид  намудани  неруи олимони ҷавон  барои  коркард  ва  ҳалли  масъалаҳои афзалиятноки  илмӣ;

- инкишофи  фаъолияти  инноватсионии  олимони  ҷавон;

- баландбардории  сатҳи  илмию  касбии олимони ҷавон;

- ба пуррагӣ амалӣ гардонидани имкониятҳои эҷодии онҳо.

Барои ба даст овардани мақсадҳо Шўро вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- Таҳия  намудани номгўи  масъалаҳо оид ба фаъолияти олимони ҷавон барои  қ абул  намудани  қ арорҳо  дар  сатҳи  раёсат  ва  Шўрои  олимони ҷавони донишгоҳ;

- иттилоъ  додан  ба  олимони  ҷавон  оид ба барномаҳои  илмӣ, фондҳо, фармоишгарони  эҳтимолии  маҳсулоти илмию техникӣ,  ташкил ва гузаронидани  конференсияҳо,  семинарҳо,  симпозиумҳо  ва  дигар чорабиниҳои  илмӣ,  ки  аз  тарафи муассисаҳои илмӣ  ва  муассисаҳои таҳсилоти  олии  касбии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  кишварҳои  хориҷӣ гузаронида мешаванд;

-  ташкил  кардани  ҳамкорӣ  ва  робитаҳо  байни  Шўрои  олимони ҷавон  ва  ҷомеаи  илмии  донишҷўён,  деканатҳо,  кафедраҳо,  шуъбаҳои магистратура, докторантура аз рўи ихтисос (аспирантура)  ва докторантура,  инчунин  Шўрои  олимони  муассисаи  таҳсилоти  олии касбӣ;

-  гузаронидани  озмуни  солонаи  корҳои  илмии  олимони  ҷавони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

-  тартиб  додани  лоиҳаҳои  ташаббускоронаи  илмӣ-таҳқ иқ отии байнифаннӣ;

- амалӣ намудани ҳамкорӣ бо иттиҳоди олимони ҷавони  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўроҳои олимони ҷавони муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои  ҷамъиятӣ  бо мақ сади  гузаронидани  чорабиниҳои муштарак, муҳайё  кардани  шароит барои робитаҳои мутақ обилан судманд ва лоиҳаҳои ҳамгиро;

- тарғиби  дастовардҳои  илмии  олимон  ва  мутахассисони  ҷавони муассисаи  таҳсилоти  олии  касбӣ,  имкониятҳои  истифодаи  онҳо  дар шароити муносибатҳои бозорӣ ва ғайра.

            Аз ноябри соли 2015 то ба имрўз вазифаи раиси Шўрои олимони ҷавони донишгоҳро номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Саидзода Шўҳрати Шукур бар ўҳда дорад.

 Барои маълумот ва тамос ба суроғаи зерин муроҷиат намоед: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">shuhratst@mail.ru, +992939388866

http://www.zoofirma.ru/