Шўъбаи табъу нашр

Шўъбаи табъу нашри донишгоҳ моҳи сентябри соли 2012 таъсис ёфтааст. То ин дам дар сохтори донишгоҳ шўъбаи махсус доир ба табъу нашри асарҳо мавҷуд набуд.

Мақсад аз таъсиси шўъба ба талаботи стандартҳои амалкунандаи табъу нашр мутобиқ гардонидани асарҳои олимон ва устодони донишгоҳ мебошад. Инчунин дар шўъба бурдани корҳои таҳрир ва танзими китобҳо ба роҳ монда шудааст. Шўъбаи табъу нашр ба ҳайати сохтори илм ва инноватсияи донишгоҳ ворид мебошад.

Шўъбаи табъу нашр бо тамоми устодон ва донишҷўён, ки мехоҳанд асарҳои илмии худашонро ба нашр расонанд, ҳамкорӣ мекунад. Ҳамкориҳо инчунин бо китобхонаи донишгоҳ, бо нашриёт ва матбааҳои шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст. Ҳамарўза кормандони шўъба бо муаллифони асарҳо машваратҳо медиҳад, то ин ки сифати асарҳои нашршаванда ба талаботи ГОСТ-ҳои амалкунанда мутобиқ гардонида шаванд.

Аз соли 2015 бо супориши ректори донишгоҳ Ҷўразода Ҷ. Ҳ. Нашри комплексҳои таълимӣ-методии устодони донишгоҳ ба роҳ монда шуд. Кормандони шўъба дар таҳрир ва ба чоп омода кардани комплексҳои таълимӣ-методӣ ҳиссаи сазовор гузоштанд.

Дар баробари ин кормандони шўъба барои омода гардонидани маҷмўаи мақолаҳои илмии устодону донишҷўён – таҳрири мақолаҳо, дар шакли маҷмўаҳо тайёр кардани онҳо ҳиссагузорӣ мекунанд.

Миқдори нашри китобҳои илмӣ, монографияҳо ва маҷмўаи мақолаҳо дар донишгоҳ сол аз сол зиёд мешавад. Агар соли 2012-2013 ҳамагӣ се маҷмўаи мақолаҳо нашр шуда бошанд, ин нишондод танҳо дар нўҳмоҳаи соли 2016 ба 6 адад расонида шуд. Миқдори КТМ-ҳои чопшуда бошад, ба 90 адад расидааст.

Дар шўъба алҳол 4 нафар фаъолият мебаранд: И.У. Раҳимов (номзади илмҳои филология) – мудири шўъба, Р. Низомиддинова – мутахассис, Ҷ.Эшматов– муҳаррири техникӣ, Р. Шокиров– оператори матбаа.

http://www.zoofirma.ru/