Бахши барномасозӣ

Мудири бахш Баховаддинов Ҷамшедхон Ҳайдархӯҷаевич

Бахши барномасозӣ аз моҳи майи соли 2015 фаъолияти худро дар асоси Оинномаи донишгоҳ ва Низомномаи раёсати рушди инноватсионии донишгоҳ оғоз намудааст.

Самтҳои асосии фаъолияти бахш:

таҳия, мукаммалнамоӣ ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани системаи автоматикунонии равандҳои таълимӣ, илмӣ ва идоравии донишгоҳ;

- таҳия ва дастгирии веб-сайти расмии донишгоҳ;

- таҳия ва дастгирии сайти дохилии донишгоҳ;

- таҳияи барномаҳои компютерӣ вобаста ба нақшаи РРИ;

- ташкил ва танзими кори Китобхонаи электронӣ;

- иштироки фаъолона дар лоиҳаҳои инноватсионӣ;

- иштирок дар чорабиниҳои донишгоҳӣ;

- кор бо донишҷӯён-барномасозони фаъол дар самти таҳияи моделҳо ва ихтироотҳои инноватсионӣ;

- иҷрои ӯҳдадориҳои функсионалӣ.

Мутахассиси бахш - Самеев Муйдин Муқимови

http://www.zoofirma.ru/