Раёсати рушди инноватсионӣ

Раёсати рушди инноватсионӣ

Сардори раёсат н.и.и., дотсент ҚурбоналиевАлишерҲайдаралиевич

 Раёсати рушди инноватсионии донишгоҳ (раёсат) бо Қарори Шӯроиолимони донишгоҳ аз 13 мартисоли 2015 суратҷаласаи 7, ҳамчун қисми сохтории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буда, фаъолияти худро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ, Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Оинномаи Донишгоҳ ва Низомномаи раёсат амалӣ менамояд. Раёсат ба Раёсати илм ва инноватсия тобеъ буда, ҳамчун қисми сохтории умумидонишгоҳӣ мутобиқ гардонии равандҳоро дар самти баланд бардоштани сатҳи инноватсионии фаъолияти донишгоҳ ва сифати таҳсилот тавассути истифодабарии технологияҳо иинноватсионии таълимӣ амалӣ менамояд. Раёсат бо мақсади бавуҷуд овардани инноватсияҳо ҳамчун омили рушди фаъолияти инноватсионии донишгоҳ таъсис дода шудааст.

Мақсад ва вазифаҳои Раёсати рушди инноватсионӣ:

-         Мақсади асосӣбаланд баровардани сатҳи фаъолияти инноватсиониидонишгоҳ.

-Баланд баровардани сатҳи квалификатсия ва омодасозии байни фаннии мутахассисони аз ҷиҳати инноватсионӣ фаъол, ки дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошанд.

-         Ҳосилкунии идеяҳои инноватсионӣ.

-Иҷроиши тадқиқотҳои илмии фундаменталӣ ва амалӣ, дар баъзе ҳолатҳо, инчунин корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ (ки натиҷаи онҳообъектҳои моликияти зеҳнӣ, ноу-хау, литсензия, патентҳо, методҳои нав, ҳодисаҳо, мақолаҳои илмӣ ва ғ. мебошанд).

-Амалӣ гардонидани фаъолияти илмӣ-тадқикотии ҳайати профессорӣ ва омӯзгорӣ, кормандони илмӣ, докторантон, унвонҷӯён, аспирантон ва донишҷӯён.

-Паҳн намудани иттиллоот оид ба инноватсияҳои муосири соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дар раванди фаъолияти таълимии донишҷӯён, ки ба рушди инноватсияҳо дар донишгоҳ мусоидат мекунанд (дар вақти гузаронидани машғулиятҳо ҳайати омӯзгорӣ ва профессорӣ намунаҳои фаъолияти инноватсионии соҳаро истифода мебаранд, машғулиятҳоро дар базаи корхонаҳои инноватсионӣ мегузаронанд);

-         Кор карда баромадан, татбиқ намудан ва дар кори худистифода бурдани инноватсияҳои соҳаи таълим.

-Гузаронидани аттестатсияи кормандон дар самти баланд баровардани маърифати тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ ва маҳсулотҳои зеҳнии дар сохторҳои донишгоҳ ҳосилшуда, ҷалби сармояи иловагӣ барои таъмини фаъолияти инноватсионӣ.

-Амали гардонии корҳои ҳамҷоя оид бавуҷуд овардани инноватсияҳо бо ширкатҳои инноватсионӣ (фаъолияти илмӣ-тадқикотӣ, экспертизаи лоиҳаҳо, хизматрасонии консалтингӣ) дар ҳайати структураҳои муттаҳидшуда, ки дар асоси системаҳои миллии инноватсионӣ бавуҷудмеоянд ва дар намудҳои гуногуни ташкилотӣ илм, техника, технология ва маорифро дар самти бозори ҷаҳонии маҳсулоти илмӣ ва технологияҳои баландмуттаҳид месозанд.

-Баланд баровардани потенсиали донишгоҳ. Коркарда баромадани системаи баҳодиҳӣ банатиҷаҳои тадқиқотҳои фундаменталӣ ва ҷустуҷӯии сохторҳои донишгоҳ.

-Рушди методҳои инноватсионии таълим ва такмили мӯҳтавои он. Пешниҳоди ҷорӣ намудани фаннҳои таълимии нав.

-         Ташкили маркази трансфери технологияҳо, бизнес-инкубаторҳо ва корхонаҳои хурди инноватсионӣ.

-         Пойдоркунии алоқаҳо бо бизнесомеа, ки дар он дастовардҳои олимони донишгоҳ истифода мешаванд.

-Дар самти илм – ҳосилкунии идеяҳои нав; гузариш аз тадқиқотҳои индивидуалӣ ба тадқиқотҳои байнифаннии гурӯҳӣ.

-         Истеҳсоли идеяҳои инноватсионӣ ва омода намоии кадрҳое, ки онҳор отакмил ва татбиқ менамоянд.

-         Собит намудани ҳуқуқҳо ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ.

-Кор карда баромадани базаи маълумотҳо ва дастгирии иттилоотии фаъолияти инноватсионии донишгоҳ.

 Раёсат аз бахшҳои зерин иборат аст:

-          бахши технологияи инноватсионӣ;

-          бахши барномасозӣ;

-          бахши технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ.

e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/