Озмоишгоҳи инноватсионӣ

Озмоишгоҳи инноватсионӣ

INNOLAB – ин муҳити ҷисмонӣ ё маҷозӣ, ки барои пешравӣ ва рушди имкониятҳо, рушди инноватсионӣ тавассути ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаҳовадигарсубъектҳоихоҷагидорӣ ба таъсиси форматҳои иҷтимоӣ ва институтсионалии муваффақ барои ба даст овардани донишҳои нав ва татбиқи бомуваффақияти онҳо дар соҳибкорӣ ташкил карда шудааст.

Консепсияи морпечи сегона (тройная спираль) зарурати гузариш аз модели ҳукмрони саноат – ҳукумат дар ҷомеаи саноатӣ ба модели бештар маъруф, ҳамкории зич байни донишгоҳ, саноат ва ҳукуматро дар ҷомеаииттилоотӣ мефаҳмонад. InnoLab – ин муҳите мебошад, ки имконият фароҳам меоварад барои рушди инноватсия ва иқтисодиёт дар ҷомеаи иттилоотӣ ва нақши муҳимро мебозад  барои муассисаи таълимӣдар ҳамкорӣбо ҳукуматвасаноат ҳангоми ташкили форматҳои иҷтимоӣ ва институтсионалии муваффақ барои гирифтани интиқол ва истифодаи донишҳои ҷадид аст. Намунаи ҷонибҳои шавқманд аз бахшҳои гуногуни консепсияи морпечи сегона корбарони ниҳоӣ, муҳаққиқон, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, менеҷерон, соҳибкорон, роҳбарон, сиёсатмадорон ва ғайраҳо буда метавонанд. Ҳамаи иштирокчиён аллакай дар зинаи аввали раванди инноватсионӣ бо ҳамдигар фаъолият мебаранд барои озмудан, тавлиди прототипҳо  ва нишон додани арзиши нерӯӣ ба ҷомеа.

InnoLab нақши муҳимро мебозад, ҳамчун катализатор ва суръатфизои инноватсионӣ. Шароит фароҳам меоварад, барои эҷодкории муштарак, озмоишҳо ва омӯзиш. 

Принсипҳоиасосии InnoLab  инҳо  мебошанд:

·          Кор бо навоварии кушод, яъне таъсис додани фаъолияти инноватсионӣ, бо иштироки шарикони дигар. Бо ҳамдигар будани шарикон дар вақти  душворӣ ва мукофот.

·                 Дастгирии тадқиқоти байнифаннӣ.

·          Дастгирии маҳорати иштирокчиёни гуногун.

·          Дастрас будан барои ҳама.

·          Иҷрои рисолати дугона ба илм:

A.         Ба ҷомеа дониш медиҳад.

B.          Ба ҷомеаи илмӣ дониш медиҳад.

·          Муҳити мусоид фароҳам меоварад барои одамони навовар.

•Барномаҳо ва устодонро дар донишгоҳ дастгирӣ мекунад бо роҳи додани дониш ва малака ба донишҷӯён.

• Дар самтҳои муайяни тадқиқотҳои нав роҳ медиҳад.

• Раванди татбиқи лоиҳаҳои илмиро дастгирӣ менамояд.  

• Таъсиси захираҳои моддӣ, ва намунаи прототипҳо.

• Ба донишҷӯён имкон медиҳад барои пайдо кардани алоқа бо саноат ва ҷойҳои корӣ.

• Кори фаъол бо истифодабарандагон дар ҳамаи марҳилаҳои рушд (ҳамкории муштарак).

• Шарикони гуногунро ба ҳам меорад аз ташкилотҳои хусусӣ ва давлатӣ.

• Фанҳои гуногун, равишҳои тарҳрезӣ, илм, технология ва бизнесро ба ҳам меорад.

Муҳити махсусро (ҳақиқӣ ё / ё ин ки маҷозӣ) барои озмоиш ва рушди ғояҳои нав фароҳам меоварад.   

http://www.zoofirma.ru/