Кафедраи забонҳои хориҷӣ (англо-арабӣ) тахассусӣ

Мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Негматова Д.С.

      Кафедраи забонҳои хориҷӣ (англо-арабӣї) тахассусӣ аз соли 1993 бо номи кафедраи забонҳо ба фаъолият оғоз кард. Ба роњ мондани омўзиши фанҳои забони англисӣ, тоҷикӣ, русӣ ва арабї ба зиммаи ин кафедра буд. Соли 2002 кафедраи забони англисӣ мустақилона ба фаъолият шурӯъ кард. Соли 2003 кафедраи забони англисӣ боз ба 2 кафедра - кафедраи забони англисии тахассусӣ ва умумӣ ҷудо шуд. Соли 2005 ин кафедра боз муттаҳид карда шуда ба як кафедраи умумидонишгоҳӣ табдил дода шуд. Дар асоси қарори Шўрои олимони ДДҲБСТ аз 1-уми сентябри соли 2012 кафедраи забони англисӣ боз ба 2 кафедра - кафедраи забонҳои хориҷии тахассусӣ (англисӣ-арабӣ) ва кафедраи забони англисии умумидонишгоҳӣ ҷудо шуд.

Кафедраи забонҳои хориҷии тахассусӣ мутахассисони баландпояро оид ба робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ)-тарҷумон референти забонҳои арабӣ ва англисї омода менамояд.

Самти фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра дар мавзўи «Таҳлили муқоисавӣ ва типологии масъалаҳои мубрами забоншиносии точикӣ, романо-германӣ ва арабӣ (самтҳои лингвистӣ, гуногун-фарҳангӣ ва бисьёрзабонӣ)» мутобиқи нақшаи панҷсолаи 2015-2020 илмию-тадқиқоти ба роҳ монда шудааст.

Фанҳои таълимии кафедра: забони англисӣ, забони арабӣ, муқаддимаи забоншиносӣ, фонетикаи амалии забонҳои омўзиш, инкишофи нутқи хаттӣ ва даҳонии забони арабӣ, грамматикаи амалии забони омўзиш, назарияи тарҷума, шевашиносӣ, морфологияи забонҳои омӯзиш, забоншиносӣ, ҷуғрофияи кишварҳои омӯзиш, этикаи касбӣ, таърихи забонҳои омӯзиш, таҳлили граматикии матн, тарҷумаи амалии забонҳои омӯзиш, балоғат, услубшиносии забонҳои омӯзиш, тарҷумаи матнҳои васоити ахбори оммаи забонњои омӯзиш.

Аз тарафи устодони кафедра 6 адад дастурҳои таълимию методӣ, якчанд КТМ ва зиёда аз сад мақолаҳои илмӣ ба чоп расидаанд.

Айни ҳол дар кафедра 14 нафар омўзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 5 нафар номзади илмҳои филологӣ, дотсент (Н.Ю. Пӯлодова, Н.И. Ғиёсов, Д.С. Негматова, Ҳ. Ҳ. Эгамназаров, Д.Г.Ишанкулова), 3 нафар сармуаллимон (З. Тӯраев, Ҷ. Шокиров, Ш.М.Раупова), 4 нафар омўзгорон (Р.Сайфиддинова, Г.Сулаймонова, М.Обидова) мудири кабинети лингафонӣ (Р.Ибрагимов) ва коргузори кафедра (М.Кодирова) маҳсуб меёбанд.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Тамос: тел: 927733266

Суроғаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/