Кафедраи сиёсатшиносӣ

 

Мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои таърих, профессор

Ҳомидов Фурқат Муқимович

         Кафедраи сиёсатшиносӣ бо фармони ректори донишгоҳ аз 15 июли соли 2000 таъсис дода шудааст. Вазифаи асосии кафедра фароҳам овардани шароити таълимӣ ба донишҷўёни ихтисоси сиёсатшиносӣ маҳсуб меёбад.

Сарварии кафедраро олимони варзида ба ўҳда доштанд: Ш.М. Султонов - солҳои 2000-2002, А. Холиқӣ - солҳои 2002-2007, О. Зоҳидов - солҳои 2007-2008, М. Юсуфов - солҳои 2008-2010, М. Акмалова – солњои 2010 -2016, Ф. М.Ҳомидов - аз 25 августи соли 2016.

Корҳои илмӣ – тадқиқотии кафедра мутобиқи нақшаи панҷсолаи илмию тадқиқотии кафедра (2015 – 2020) дар мавзўи: «Раванди сиёсии ҷаҳон ва Тоҷикистон дар низоми сиёсии муносибатҳои байналхалқӣ: муаммо, рушд ва дурнамо» (соли 2015) роњандозӣ мегардад. Фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра ба мавзўъҳои мубрами сиёсӣ - мақоми геополитикии Тоҷикистон дар замони муосир, нақши геостратегии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолият, нуфуз ва нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона гардида, барои иҷрои он ҳамаи олимону унвонҷўёни кафедра вобаста карда шудаанд.

Бо қалами устодони кафедра 8 китоби дарсӣ, 5 дастури таълимию методӣ, 5 монография ва зиёда аз сад мақолаи илмӣ ба чоп расидаанд.

Омўзгорони кафедраи сиёсатшиносӣ бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Қазон, Пажўҳишгоҳи стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон робитаи илмӣ доранд.

Дар соли хониши 2016-2017 дар кафедра 14 нафар омўзгор кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1 нафар доктори илмҳои таърих, профессор (Ш.Султонов), 3 нафар номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент (М.А. Акмалова, Ҷ.Яқубов, Ш.Саидов), 2 нафар номзади илмҳои таърих, дотсент (А.Одинаев, С.Қобилова), 1 нафар сармуаллима (М. Ўлмасова), 4 нафар ассистент (Ш. Солиев, М.Саидова, С.Солихоҷаева, Н.Ҳошимова) ва 3 нафар муштараквазифаи дохила маҳсуб меёбанд.

Мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳомидов Фурқат Муқимович

Рўйхати таълифоти илмӣ

Суроға: маҳаллаи 17, бинои 1, телефони мобилӣ:

92-810-79-29, телефони кори (83422) 2-39-27,

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,

http://www.zoofirma.ru/