Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

 

Декани факултет номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент

Акмалова Мунира Абдунабиевна

      Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ тибқи қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шўрои олимони ДДҲБСТ аз 1 апрели соли 2002, таҳти фармони № 40/1 таъсис ёфтааст.

Нахустдекани факултет дипломати касбӣ, профессор Я.И. Исломов интихоб шуданд. Минбаъд дотсентон А. Рахимов, М. Юсупов, профессор И. Раҳимӣ вазифаи декани факултети мазкурро ба ўҳда доштанд. Сипас профессор Ҷ. Ҳ. Ҷўразода тайи солҳои 2005-2006, 2009-2012 вазифаи сарварии факултетро сарбаландона иҷро намуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2012 ба вазифаи ректори ДДҲБСТ таъин гардиданд. Солҳои 2012-2016 д.и.т., профессор Ф.М. Ҳомидов ва аз моҳи сентябри соли 2016 н.и.с., дотсент М.А. Акмалова дар ҷодаи нумўи фаъолияти гуногунҷабҳаи факултет адои вазифа менамояд.

Мақсади асосии фаъолияти факултет омода намудани мутахассисони соҳаҳои сиёсатшиносӣ, таърих ва сиёсат, робитаҳои байнифарҳангӣ, хадамоти гумрук ва муносибатҳои байналхалқӣ мебошад.

Сохтори факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ аз шаш кафедра: сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, таърихи халқи тоҷик, фанҳои ҷамъиятӣ, забони хориҷии англо-арабӣ ва хадамоти гумрук иборат мебошад.

Дар факултет 12 нафар профессор, 27нафар дотсент, 8 нафар докторант, 2 нафар аспирант, 33 нафар унвонҷў фаъолият мебаранд.

Олимони факултет бо олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази қонунбарории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДМТ, ДТТ ба номи М.Осимӣ, ДДХ ба номи Б. Ғафуров, ДГТУ, ДДМ ба номи М.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Казони Федератсияи Русия, Маркази захиравӣ-таълимии Осиёи Марказӣ, Пажўҳишгоҳи стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон робитаи илмӣ дорад.

Бо иқдоми раёсати донишгоҳ ва як зумра олимони шинохта асари пурмуҳтаво «Андешаи миллӣ» ба табъ расид, ки аз афкори пурғановати тамаддуни Шарқи бостонӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, таълифоти профессор Ҷ.Ҳ. Ҷўрабоев «История Бухарского Эмирата в к.XIX-н.XXвека», профессор Ш.Султонов «Абдурахим Хаджибаев и его время», «Ёддоштҳо, осор ва андешаҳо», «Ёддоштҳои зиёии шўравӣ», «Демонтаж СССР: великая катастрофа ХХ-го столетия», дотсент М.А. Акмалова «Пути независимости Таджикистана», «Внешняя политика Таджикистана» (ҳаммуаллиф бо профессор Б.Ризоев), профессор А. Орифов «Гумрук», дотсент А.Мирбобоев, М.Ю. Юсупов «Муқаддимаи таърихи дипломатияи тоҷик», дотсент Ҷ.Б. Исоматдинов «Таърихи Унҷӣ» дастоварди муҳиму назарраси олимону устодони факултет арзёбӣ мегардад.

Дар факултет ба ҳайси муовини декан оид ба корҳои илмӣ н.и.т., дотсент С.Я.Қобилова, муовини декан оид ба корҳои тарбия н.и.ф., дотсент Ҳ.Х. Эгамназаров ва эдвайзери самти таълими факултет омўзгор С. Солихўҷаева фаъолият мебаранд.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Суроға: вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, мкр. 17, х.1.

Тел: +992 3422 23770

http://www.zoofirma.ru/