Кафедраи забонӣ тоҷикӣ

 Шокиров Туғрал Сироҷович мудири кафедра, доктори илмҳои филологӣ, профессор

      Кафедраи забони тоҷикӣ соли 1994 чун кафедраи забонҳо таъсис ёфтааст. Он  кафедраи забон ва адабиёти    тоҷик ва  забони арабӣ (2000);  забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ (2006); забони тоҷикӣ (2012) ном гирифт.   Дар ихтиёри кафедра таълими фанҳои забонҳои тоҷикӣ, арабӣ, хати ниёгон, адабиёти халқҳои ҷаҳон, маданияти нутқ буд.

           Инҳо мудири кафедра буданд: К. С. Абдуллохоҷаева – н.и.филол., дотсент (1993-2000), С. Ҳоҷиев- н.и.филол., дотсент (2001-2003),Т.Бердиева-д.и.филол.,проф.(2003)-д.и.филол.,проф.,А. Сайфуллоев(2003-2005), Б. Бобоҷонова- н.и.филол., дотсент (2005), Раҳимов И.-д.и.филол., проф.(2006-2012) ва Т. С. Шокиров-д.и.филол., проф.(аз соли 2012 то ҳол)  

     Солҳои гуногун дар кафедра кор кардаанд: н.и.филол, дотс. Абдуллохўҷаева, д.и.филол.,проф. Т. Бердиева, д.и.филол., проф. А. Сайфуллоев, д.и.филол., проф. Раҳимов, н.и.филол.,дотсентон И. Нуров, Ф. Сатторова, Р. Сайфуллоева, Ю. Кенҷаев, М. Камолов, М. Аҳмадов, М. Раупова, С. Кенҷаев, М. Ҳалимова, Б. Ҳакимова, М. Атамуллоева, устодон С. Бобоев, М. Раҷабова, М. Фаёзов, М. Шарипова, М. Пўлодова, М. Ф. Голованова, Т. А. Давидкина, З. Тўраева,  Г. Ҷ. Шокиров, М. Мирниёзов. Шералишоева, С. Марофиева ва диг.      

  Кафедра фаъолияти худро дар партави супоришу таъиноти Президенти кишвар, қарорҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Шўрои олимони донишгоҳу факултети молия,  бандҳои Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  забони  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 05.10.2009  ва  Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди  забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва  нақшаи  тасдиқшуда  ба роҳ монда шуда, то имрўз доир ба тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ як қатор тадбирҳоро  амалӣ гардонд:

           Профессорону устодони кафедра дар нашрияҳои писандидаи КОА-и ВМ ва ИФР, дорои Индекси иқтибоси илмии Русия (РИНЦ), маҷаллаҳои илмии ИМА, Германия, Британияи Кабир, Украина, Ўзбекистон, нашрияҳои ҷумҳурӣ, ВАО мақолаву  рисола ва маводи интишорӣ ба табъ мерасонанд.

           Бо мақсади таъмини омодагии ҳаматарафаи  устодон аз фанни забони тоҷикӣ омўзгорони  кафедра вобаста ба тахассус комплекси таълимию методӣ барои донишҷўёни ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ  (муаллифон Шокиров Т., Ҳалимова М.; Раҳматова Д., Ҳакимова Б.) таҳия намуда, барои чоп иҷозати ВМ ва И ҶТ-ро гирифтаанд.

Соли 2013 кафедра барои фаъолияти пурсамараш ба гирифтани ҷоизаи “Кафедраи тиллоӣ”-и Академияи табиатшиносии ФР сазовор гардид.

  Дар айни замон  кафедра бо 26 кафедраи макотиби олии кишвар, 6 кафедраи забонҳои мамолики хориҷӣ ва 5 муассисаи тадқиқотии ватанию хориҷӣ робитаи илмӣ дорад.

 Дар кафедра 2 доктори илм, профессор (Шокиров Т., Раҳимов И.), 1 академики Академияи табиатшиносии ФР (Шокиров С. ), 6 номзади илм, дотсент (Кенҷаев С., Кенҷаев Ю., Ҳалимова М., Раҳматова Д., Каримов А., Каримова М.), 1 сармуаллим (Мирниёзов А.) ва 1 коргузор (Маллаева М.) фаъолият доранд.

 

http://www.zoofirma.ru/