Кафедраи забони англисӣ

Мудири кафедра номзади илмҳои филология, дотсент

Мирзоҷонова Малика Қасимовна

       Кафедраи забони англисӣ дар асоси фармони ректори донишгоҳ аз 31 августи соли 2012 мақсади таъмини самаранокии раванди таълиму тарбия, корҳои таълими методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ дар назди факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ кафедраи забони англисӣ ташкил шуд, ҳоло кафедра дар бинои дуюми донишгоҳ дар назди факултети инноватсия ва телекоммуникатсия фаъолият дорад, мудири кафедра М.Мирзоҷонова – номзади илмҳои филология, дотсент. Мақсади асосии кафедра омўзондани забони англисӣ мебошад, ки он аз рўи технологияи нав ва усулҳои нави сабақомузӣ ба роҳ монда шудааст. Кафедра фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро аз рўи қоидаҳои амалкунандаи дохилидонишгоҳӣ ба роҳ монда истодааст. Корҳои илмию тадқиқотии кафедра мутобиқи нақшаи панҷсолаи (2015-2020) илмию тадқиқотии кафедра, ки дар мавзўи «Ташаккули нутқи шифоҳӣ ва хаттии донишҷӯён тавассути вожаҳо, ибораҳои фразеологӣ ва терминологияи соҳавӣ» ба роҳ монда шудааст ва барои иҷроиши он ҳамаи олимон, докторантон ва унвонҷўёни кафедра вобаста карда шудаанд.        Аз тарафи устодони кафедра якчанд дастурҳои таълимӣ-методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ доир ба фанни забони англисӣ омода гардидааст. Дар айни замон дар кафедра 19 нафар устодон кору фаъолият менамоянд, ки аз онњо 2 нафар дотсентон: М. Қ. Мирзоҷонова ва М. А. Назирова, 12 нафар сармуаллимон: М. Раҳимова, М. Фаёзов, М. Тоирова, З.Пўлотова, М. Абдувоњидова, М. Ҳакимова, Д.Маҷидова, М. Хоҷаева, М. Бобоҷонова, М. Имомназарова, А. Давлатов , М. Солиева, Ҳ. Умарова, 4 нафар ассистентон: М. Имомназарова, А. Давлатов, М. Муҳитдинова, Г. Тураева ва 1 нафар мудири утоќи лингафонӣ Д.Азизова мебошанд.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Тамос: тел: (92) 774-93-08

Суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/