Кафедраи таърихи халқи тоҷик

Мудири кафедра н.и.т., дотсент

Исомитдинов Ҷӯрабек Бобобекович

Аз таърихи кафедра. Кафедраи таърихи халқи тоҷик аз 10 июли соли 1994 таъсис ёфта, то моҳи сентябри соли 1995 кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои ҷамъиятӣ ном дошт. Моҳи ноябри соли 1998 кафедра ба ду қисм тақсим шуд. Аз моҳи сентябри соли 2011 бо номи кафедраи таърихи халқи тоҷик фаъолият мебарад.

Кафедраи таърихи халқи тоҷик ба тайёр кардани кадрҳои илмиву педагогӣ эътибори махсус зоҳир менамояд.

Нерўи кадрии кафедра. Айни ҳол дар кафедра 22 нафар омўзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 4 нафар доктори илмҳои таърих, профессор (Ҷ.Ҳ. Ҷўразода, Н.О.Турсунов, Б.Исмоилова, М. Давлатов) 4 нафар номзади илмҳои таърих, дотсент (Ҷ.Б.Исомитдинов, Ҳ.Тоатов, Д.Дўстов, Ю. Нурмаҳмадов) 1 нафар сармуаллим (Т. Ҳакимов) 5 нафар ассистент (А. Шерматов, А. Абдуллоева, Ғ.Бобоҷонов, П. Шарипов, М. Халифаев) 4 нафар муштараквазифаи берунӣ ва 5 нафар муштараквазифаи дохилӣ.

Фанҳои таълимии кафедра: таърихи халқи тоҷик, фарҳангшиносӣ, таърихи тоҷикони ҷаҳон, сарчашмашиносии таърихи халқи тоҷик, фанҳои ёрирасони таърихӣ, воситаҳои баҳодиҳии натиҷаи таълим, этнографияи халқи тоҷик, таърихи дунёи қадим, бойгонишиносӣ, осорхонашиносӣ, бостонишиносӣ, таърихи асрҳои миёна, таърихи нави хориҷӣ, таърихи умумиҷаҳонӣ, этнология, методикаи таълими таърих.

Самти умдаи илмию тадқиқотии кафедра: Таърихи сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар давраҳои мухталиф, сохтори таърихии шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва шаҳракҳои Фарғонаи ғарбӣ дар асрҳои XVIII-ибтидои ХХ, кишваршиносии таърихии Тоҷикистон, таърихи робитаҳои байналхалқии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, муаммоҳои фарҳанги деҳоти тоҷик дар давраи Шўравӣ, таҳия, таҳқиқ ва нашри силсилаи осори арзишманди хаттии таърихӣ.

Дастовардҳои илмию методии кафедра. Бо қалами олимони кафедра 16 адад китобҳои дарсиву дастурҳои таълимию методӣ, 15 адад монография ва зиёда аз сесад мақолаҳои илмӣ ба чоп расидаанд

Мудири кафедра н.и.т., дотсент Исомитдинов Ҷ.Б. (01.09.1961)

Тел: 939006013

E.mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/