Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ

Мурадбекова Маҳбуба Ҳайдаровна

Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ аз рўзҳои аввали фаъолияти донишгоҳ вуҷуд дорад. Он 10 июли соли 1994 таъсис ёфта, то моҳи сентябри соли 1995 кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои ҷамъиятӣ ном дошт. Соли 1995 дар заминаи кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои ҷамъиятӣ (мудир доктори илмҳои таърих, профессор А.Ҷ. Бобоев) созмон дода шуд ва чунин сохтор то соли 1998 мавҷуд буд

Ҳоло кафедра бо номи фанҳои ҷамъиятӣ, фаъолият бурда истодааст, вазифаи и.в. мудири кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.Ҳ. Мурадбекова  ба ўҳда дорад. Ҳоло дар кафедра 1 нафар доктори илм – О.Ҳ. Зоҳидов, 8 нафар номзадони илм – дотсентон: С.Муртазоев, Б.Ғ.Шеронов, М.Ҳ. Мурадбекова, М.Қ. Почоева, С.Б. Бобоева, Р.К. Маллаев, Д.Р. Ҷўраева, Салимова М.Қ. 3 нафар сармуаллимон – Н.Ҳ. Раҳимова, Ҷ.А. Маматқулов, А.Д. Султонова ва 1 нафар ассистентон – М.Д.Қодирова ва 1 нафар коргузор - М.Ф. Аминова, яъне ба ҳисоби умумӣ дар кафедра 13 нафар устодон фаъолият бурда истодаанд.

     Бояд қайд кард, ки ҳамаи устодони кафедра дар давоми фаъолияти омўзгории худ фаъолияти пурсамари илмӣ доштанд. 

http://www.zoofirma.ru/