Кафедраи математикаи олӣ ва моделсозӣ

 Мудири кафедра

Муҳсинов Ёдгор Мирзоевич - номзади илмҳои физика ва математика, дотсент 

Яке аз кафедраҳои аввалини донишгоҳ кафедраи математикаи олӣ ва моделсозӣ буда, соли 1995 ташкил шудааст. Дар пешравии кафедра саҳми мудирони кафедра номзади илмҳои техникӣ, дотсент Т. Негматов (аз соли 1995 то 2000), доктори илмҳои физика ва математика, профессор С. Байзоев (аз соли 2000 то 2011), сармуаллим С. Юсупов (аз соли 2011 2012) ва номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Ё.М. Мухсинов (аз соли 2012 то инҷониб) назаррас мебошад. Дар кафедра тањти роҳбарии дотсент Ё.М. Муҳсинов семинари илмӣ-назариявӣ, таҳти роҳбарии сармуаллима М.Н. Муродова семинари таълимӣ-методӣ ва таҳти роҳбарии сармуаллима Р. Шодиева маҳфили илмии донишҷўён «Риёзиёт дар иқтисодиёт» амал мекунанд. Устодони кафедра дар баланд бардоштани дониши математикии донишҷўёни донишгоҳ ҳиссагузор буда, таълими фанҳои зеринро дар ўҳда доранд: асосҳои математика, математикаи олӣ, назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ, усулҳои иқтисодӣ-риёзӣ ва моделсозӣ, математикаи дискретӣ, эконометрика ва математикаи иқтисодӣ. Дар айни замон дар кафедра 11 нафар устодон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1 нафар доктори илмҳои физика ва математика, профессор С. Байзоев, 2 нафар номзадҳои илмҳои физика ва математика, дотсентон: Ё.М. Мухсинов ва М.Шойимқулов, 1-нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Н.С.Азимова, 6 нафар сармуаллимон: С. Юсупов, У.Ҷалилова, М. Муродова, Р. Шодиева , Э. Ризоев, М. Рахимова ва 1 нафар ассистент Моҳираи Раҳмон мебошанд. Устодони кафедра бо самти «Таҳқиқи муодилаҳои дифференсиалии навъи эллиптикӣ, гиперболӣ ва бозиҳои дифференсиалӣ дар фазоҳои функсионалии мушаххас» корҳои илмӣ тадқиқотӣ бурда истода, зиёда аз 360 асарҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ дар маҷаллаҳои Тоҷикистон, Руссия, ИМА, Олмон, Булғория, Ўзбекистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон аз чоп баровардаанд. Устодони кафедра мунтазам дар конфронсҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ фаъолона ширкат варзида, дар ҳалли муаммоҳои актуалии математика ва усулҳои таълими он саҳми худро мегузоранд.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Тамос: тел.: 92-773-43-42

Суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/fakultet/kaf-umumidonishgohi/2014-11-11-06-47-19.html#sigProGalleria71290b00c2
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/