Кафедраи системаҳои ахбороти-ҳисоббарорӣ

 

Номзади илмҳои физика-математика, дотсент, мудири кафедраи системаҳои ахборотӣ-ҳисоббарорӣ

Мухамедова Шоира Файзуллоевна

Кафедра системаҳои ахборотӣ-ҳисоббарорӣ дар заминаи кафедраи математикаи олӣ ва информатика 27 июли соли 2001 бо фармони ректори ДДҲБСТ таъсис дода шудааст.

Тайёр намудани мутахассисони маълумоти олидор аз рӯи ихтисосҳои 1-40.01.02-02 – технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт), 1-40.01.02-04 – технология ва низоми иттилоотӣ (дар коркард ва пешниҳоди иттилоот) ва 1-31.01.03-08 – web-дизайн ва графикаи компютерӣ бар ӯҳдаи кафедраи мазкур мебошад.

Дарсҳо дар шакли лексияҳо ва машғулиятҳои амалию лабораторӣ ва КМРУ гузаронида мешаванд. Барои ин дар ихтиёри кафедра 2 лабораторияҳои компютерӣ мавҷуд аст, ки бо компютерҳои муосири пуриқтидор, тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо ҷиҳозонида шудаанд.

Самти тадқиқоти илмии кафедраи системаҳои ахборотӣ-ҳисоббарорӣ моделиронии системаҳои динамикӣ ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаҳо пешбинӣ шудааст:

1. Технологияҳои муосири коркарди иттилоот: татбиқ ва самараҳои он дар корхонаҳои минтақа.

2. Татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунии ҷараёни тадқиқи самаранокии системаҳои логистикӣ.

3. Вопросы формирования и динамики когерентных структур в нелинейных диссипативных ферромагнитных S≥1/2 системах

4. Организационно - экономический механизм развития инновационной экономики в сфере образования.

5. Стимулирование оплаты труда как реализация трудовых отношений в условиях переходной экономике (на примере Республика Таджикистан).

Аз тарафи устодони кафедра ва донишҷўён дар панҷ соли охир беш аз 20 адад ихтироот эљод гардид, ки аз тарафи Муассисаи давлатии Маркази патенту иттилооти ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд.

Аз моҳи сентябри соли 2016 инҷониб мудири кафедра номзади илмҳои физикаю метематика, сармуаллима Ш.Ф. Мухамедова таъин гардид. Аъзоёни кафедра 18 нафар мебошанд: Ш.Ф. Мухамедова -н.и.ф.м, дотсент, мудири кафедра, А.А Ҷабборов.-н.и.ф.м, дотсент, А.Ҳ. Қурбоналиев – н.и.и., дотсент, М.З. Рустамова– н.и.ф.м, дотсент, М.Д. Лутфуллоев– сармуаллим, Р.Б. Хӯҷамқулов– сармуаллим, Д.И. Қосимова– сармуаллима, Ҷ.Ҳ. Баҳовудинов– сармуаллим, Б.Б. Пӯлотов– сармуаллим, М.А. Набиева– ассистент, М.Н. Ёров– ассистент, М.К. Муродов– ассистент, А.С. Маҳмудов– ассистент, Ш.М. Исмоилов– ассистент, Ш.Ф. Мухамедова– ассистент, Г. Ризоева–мудири лаборатория, Ф. Марофиев– мудири лаборатория, З.С. Саидхӯҷаева– оператор.

Рўйхати таълифоти илмӣ

E-mail:Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..

Суроғаи кафедра: шаҳри Хуҷанд, мкр 17, ДДҲБСТ, бинои таълимии №2, ошёнаи 4, утоқи 428.

тел: (92)707-20- 01.

http://www.zoofirma.ru/