Факултети инноватсия ва телекоммуникатсия

Номзади илмҳои физика-математика, дотсент

Ғаюров Ҳаким Шарифович

          Декани факултети инноватсия ва телекоммуникатсия аз январи соли 2013.

Бобати ташкили ихтисосҳои назди факултет ва кафедраҳои навтаъсис саҳмгузор мебошад. Дар ташкили барномаҳои таълимии ихисосҳои нав ва таъмин бо стандартҳои давлатӣ корҳои назаррасро анҷом додааст.

Факултети инноватсия ва телекоммуникатсия дар заминаи факултети инноватсия ва технологияи тиҷорат бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ, таҳти №9, аз 24 январи соли 2013 ташкил карда шудааст.

Мақсади ва вазифаҳои асосии фаъолияти факултет ҷорӣ ва амалӣ намудани технологияи пешрафтаи айём ва омода намудани мутахассисони ояндаи меҳан мебошад.

Факултет мутахассисонро вобаста ба самтҳои системаҳои автоматикунонидашуда, технологияи иттилоотию идоракунии телекоммуникатсионӣ ва низом ва технологияи иттилоотӣ (дар иқтисодиёт), WEB-дизайн ва графикаи компутерӣ тайёр менамояд. Шакли таълим дар факултет - шўъбаи рўзона ва ғоибонаро дарбар мегирад. Дараҷаи таҳсилот бакалавр ва магистр мебошад.

Дар назди факултет чор кафедра, яъне кафедраҳои системаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда, системаи ахборотӣ-ҳисоббарорӣ, математикаи олӣ ва моделсозӣ, забони англисӣ фаъолият менамояд.

Дар факултет шумораи олимон, яъне профессорон ва дотсентон қисмати 40-фисадро аз шумораи умумӣ ташкил медиҳад.

Хатмкунандагони факултет, баъди хатми донишгоҳ метавонанд, дар самтҳои иқтисодиёт, муҳандис - барномасоз дар фаъолияти бонкӣ, барномасоз дар соҳаи низоми иттилоотӣ, дар корхонаҳо, пажўҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ фаъолият намоянд.

Дар факултет аз рўи якчанд барномаи давлатӣ ба монандӣ: Барномаи давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ, барои солҳои 2010-2020, Барномаи давлатии рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2011-2015 корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.

Рўйхати таълифоти илмӣ

http://www.zoofirma.ru/