Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мудири кафедра – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Обидов Дилшод Солиҷонович

       Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносӣ аз соли 1994 инҷониб, баъди ташкил шудани донишгоҳ фаъолият мебарад. Дар давоми солҳои зиёд сарварии кафедраро олими намоёни ҷумҳурӣ, ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент С.Ҳ. Ҳасанов ба ўҳда доштанд. Дар кафедра дар давоми солҳои гуногун устодони хирадманду ботаҷриба ба мисли н.и.ҳ., дотсент С.Ҳ., Ҳасанов д.и.ҳ., профессор Р.Ш. Сотиволдиев, сармуаллим С.И. Шоев, н.и.ҳ., дотсент Д.С., Обидов, н.и.ҳ., дотсент Ш.Ю. Кенҷаев н.и.ҳ., сармуаллим Ғ.А. Шокиров, н.и.ҳ., дотсент З.М. Артиқов ва дигарон фаъолият бурданд. Давоми солҳои 1994-2016 дар вазифаи мудири кафедра устодон С.Ҳ. Ҳасанов, С.И. Шоев., Ш.Ю. Кенҷаев Д.С. Обидов., и.в. мудирони кафедра З.М. Артиқов, Ғ.А. Шокиров, Ҳ.А. Воситов фаъолият намудаанд. Айни ҳол вазифаи мудири кафедраро н.и.ҳ., дотсент Д.С. Обидов ба ўҳда дорад.

Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти кафедра ба ду самт равона шудааст: - гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ вобаста ба равшан намудани масоили назариявии давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот оид ба давлат ва ҳуқуқ, асосҳои назариявии бунёд намудани давлатдории ҳуқуқӣ ва демократӣ; - таълим ва тарбия намудани донишҷӯён дар руҳияи баланди ахлоқи касбӣ.

Кафедра фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва касбии худро дар асоси дурнамои корҳои илмию тадқиқотии кафедра барои солҳои 2015-2020 дар мавзӯи: «Нақши институтҳои муосири ҳуқуқӣ ва афкори сиёсии ҳуқуқӣ дар ташаккулёбии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ» ба роҳ мондааст. Фанҳои таълимии мавҷудаи кафедра: назарияи давлат ва ҳуқуқ, таърихи давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ, таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, муаммоҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи мусулмонӣ, ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, фалсафаи ҳуқуқ, ҳуқуқ (барои ихтисосҳои дигар факултетҳо) курсҳои махсус: «Муаммоҳои таснифоти низомҳои ҳуқуқии муосир», «Таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат», «Таърихи таълимоти исломӣ оид ба ҳокимияти судӣ», «Таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии халқи тоҷик», «Мавқеи мақомоти қудратӣ дар рушди давлати ҳуқуқбунёд», «Таърихи ҳуқуқи инсон».

Дар давоми солҳои 1994-2016 дар кафедра 5 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд. Дар самти фаъолияти илмию тадқиқотӣ аз ҷониби устодони кафедра 17 монографияҳо ва китобҳои дарсӣ, 8 дастурҳои таълимию методӣ, 4 комплекси таълимию методӣ ва зиёда аз 170 мақолаҳои илмӣ ба нашр расонида шудааст.

Ҳайъати устодону олимони кафедра: н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ Обидов Дилшод Солиҷонович, сармуаллимон Шокиров Ғайбулло Абдуллоевич, Бобоҷонов Равшан Ғайбуллоевич, Ҳасанов Музаффар Солибоевич, Воситов Ҳамзаалӣ Абдувоҳидович, ассистентон Дадобоева Муҳиба Азизовна , Абдуллоева Гулрухсор Низомиддиновна, Мирзозода Фархунда

Артиқов Зафар Муҳаммадҷонович – н.и.ҳ., дотсент Кормандони дохилӣ: н.и.ҳ., дотсент Кенҷаев Шӯҳрат Юсуфович, ассистент Исомитдинов Ҷӯмабой Ҷӯрабекович Муштараквазифа(берунӣ):

Суроға: Микроноҳияи 26, бинои таълимии №1, факултети ҳуқуқшиносӣ, кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, утоқи 130. телефони мобилӣ: +992-92-733-30-02. 

Рўйхати таълифоти илмӣ

http://www.zoofirma.ru/