КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ ВА МЕҲНАТӢ

Мудири кафедра, н.и.ҳ., дотсент

Санавваров Ғ.Б.

 Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ дар заминаи кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва байналхалқӣ ҷиҳати иҷрои қарори Шўрои олимони донишгоҳ (сур.№10 аз 29.05.2015с.) бо назардошти самаранок ба роҳ мондани ҷараёни таълим, мутобиқ намудани номгузории кафедраҳо ба хусусият ва мақсади фаъолияти донишгоҳ, дуруст ва мутаносибан тақсим намудани омўзгорон ва фанҳои таълимӣ, сарбории фаъоли муаллимон аз моҳи августи соли 2016 таъсис дода шуд. Вазифаи мудири кафедра ба зиммаи н.и.ҳ., дотсент Ғ.Б. Санавваров гузошта шудааст.

Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти кафедра ба самти омода намудани мутахассисони ҷавобгў ба даврони муосир марбут ба соҳаҳои ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ, замин, суғурта ва экологӣ равона гардидааст.

Самти илмию тадқиқотии кафедра амалӣ намудани масъалаҳои илмию назариявии инкишофи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ дар шароити ҷаҳонишавии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Вобаста ба самти илмии кафедра натиҷаи кори илмию тадқиқотии дотсент Ғ.Б. Санавваров аз тарафи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 феврали соли 2016, таҳти №298) оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон пазироӣ гардида, татбиқи он дар раванди такмили қонунгузории кишвар ба инобат гирифта шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими кафедра арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, фаъолияти устодони кафедра дар самти таълифи китобу дастурҳои таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ хеле назаррас аст. Аз ҷумла, аз тарафи дотсент Н.А. Ҳамидов «Ҳуқуқи суғурта», сармуаллимон А.А. Абдуллоев қисми дуюму сеюми китобҳои «Ҳуқуқи гражданӣ», «Ҳуқуқи мероси Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ф.А. Очилова «Правовое положение акционера в акционерном обществе в соответствии с законодательством Республики Таджикистан», ассистент М.А.Қодиров «Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақша ва мафҳумҳо, «Шарҳи вожаҳои ҳуқуқи замин ва ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расидан

Тибқи нақшаи таълимӣ ва фанҳои ҳатмӣ таълими фанҳои зерин дар кафедра ба роҳ монда шудааст: ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи суғурта, ҳуқуқи шартномавӣ, ҳуқуқи мерос ва ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ.

Айни замон дар кафедра 13 нафар устодон фаъолият мебаранд, ки аз онхо 10 нафар омўзгорони штатӣ, 1 нафар муштараквазифаи беруна ва 2 нафар муштараквазифаи дохилӣ мебошанд. Ба монандӣ: дотсентон, мудири кафедра Ғ.Б. Санавваров, Н.А. Ҳамидов, сармуаллимон А.А. Абдуллоев, Ш.У. Зокиров И.Х. Мирпоччоев, Ф.А. Очилова, М.И. Абдураҳмонова, Ф.М. Шукуров ва ассистентон М.Г. Орипова, М.А. Қодиров, С.В. Урўнова, Ш. Муҳаммадюсуф, М.Ё. Болтуева

Рўйхати таълифоти илмӣ

http://www.zoofirma.ru/