Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика

Мудири кафедра, дотсент

  Ахмедов Нарзуллохон Изаттуллоевич,

 Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика соли 1996 дар асоси фармони ректори донишгоҳ таҳти №31 таъсис дода шудаст. Вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Н.И. Ахмедов вогузор шудааст.

Мақсад аз таъсис додани кафедра ҳамчун ҷузъи таркибии факултети ҳуқуқшиносӣ ин дар байни донишҷўён ва омўзгорон ба роҳ мондани корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмию методӣ мебошад.

Вазифаҳои асосии кафедра ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ, лабораторӣ ва дигар намуди машғулиятҳои таълимӣ тибқи нақшаҳои таълимӣ; роҳбари ба корҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ, корҳои курсӣ, корҳои дипломӣ, ҳамчун корҳои мустақилонаи донишҷўён омода намудани тестҳо; ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷўён; таҳия ва табъу нашри барномаҳои таълимӣ оид ба фанҳои тадрисшаванда, тањияи рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоитҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва ғайра.

Кафедра дар самти пешгирии ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла ҷиноятҳои марбут ба хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, коррупсионидошта, хариду фурўши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор тадқиқотҳои илмӣ мебарад. Аз тарафи ҳайати устодону омўзгорони кафедра фанҳои зерин ба донишҷўён тадрис дода мешаванд: мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалогия, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, криминалистика, адвокатура, ҷиноятҳои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистидошта; ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва ғайра.

Аз тарафи устодони кафедра солҳои гуногун якчанд рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоитҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ, маҷмўи таълифоти таълимию методӣ ва мақолаҳои илмӣ аз чоп бароварда шуданд.

Солҳои гуногун дар кафедра кормандони фахрии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон П.П. Почомуллоев, Ҳ.С. Сангинов, Н.Б Бердиев., Ф.Н. Қутфиддинова собиқадорони ҳифзи ҳуқуқи вилоят А.К Каримов., С.С. Саидов ва дигарон бо фаъолияти педагогӣ машғул шуданд.

Айни ҳол дар кафедра устодону омўзгорони зерин фаъолият мебаранд: дотсентон-Н.И. Ахмедов., А.А. Мухитдинов, Б.Қ. Қобилов; сармуаллимон- А.А. Ҷӯрабоев, К.И. Пӯлотов, Н.А. Муллоҷонова, М.М. Каримова, М.Н. Зиёбоева, А.А. Сайдуллоев, М.Ф. Ҳомидова ва ассистентон – З.Қ. Умаров, С.Х. Неъматзода, Н.М., Нодиров, Р.Р. Ахмедов, А.Ҳ. Рофиева З. Аминов., Р.Р.Солизода ва коргузори кафедра А.Р.Мамадҷонова фаъолият мебаранд.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Тел: (92) 755-00-03,

Суроғаи электронӣ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/