Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ

Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ

 Мудири кафедра н.и.ҳ., дотсент

Солиев Иброҳимхўҷа Муродҷонович

 Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ тибқи фармони ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва қарори Шўрои олимони факултети ҳуқушиносӣ аз 30 августи соли 2013, таҳти №1 таъсис ёфтааст. Вазифаи мудири кафедраро н.и.ҳ., дотсент Солиев Иброҳимхўҷа Муродҷонович ба зимма дорад.

Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти кафедра дар ду самт муайян карда мешаванд:

-тадқиқоти илмӣ вобаста ба масоили баамалбарории адолати судӣ ва назорати прокурорӣ, асосҳои фаъолияти оперативию ҷустуҷўӣ дар Тоҷикистон;

-тарбияи донишҷўён, омода кардани мутахассисони соҳаи тафтишоти судӣ ва назорати прокурорӣ дар руҳияи ахлоқи касбию масъулиятшиносӣ;

Кафедра фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва касбии худро дар асоси дурнамои корҳои илмию тадқиқотии кафедра барои солҳои 2015-2020 дар мавзўи: «Масъалаҳои такмил додани баамалбарори адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст. Вобаста ба самти тадқиқотии кафедра давоми 3 соли охир 2 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд, ки дастоварди назаррас аст. Ҳамзамон, аз ҷониби ҳайати кадрии кафедра 12 адад монография, 15 адад китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ, зиёда аз 180 адад мақолаҳои илмӣ ба нашр расидаанд.

Дар кафедра таълими фанҳои зерин ба роҳ монда шудааст: назорати прокурорӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, психологияи касбӣ (психологияи ҳуқуқӣ), ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, масъалаҳои муосири назорати прокурорӣ (магистратура), фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, принсипҳои адолати судӣ (магистратура).

Ба ҳайати устодон ва олимони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедра Солиев И. М.,  д.и.ҳ., профессор А.Э. Раҳматуллоев, н.и.ҳ., дотсент А.А. Муҳиддинов, сармуаллимон Ҷавҳаров У.О., Ҷ.Ҷиянов, Р.Р. Раҳматуллоева, З.Б. Авезова, М.Т. Абдуллоева, М.Қаландарова, ассистентон Б.А. Қурбоназаров, Д. Мансурӣ, Б. Ҳамидуллоев, А. Иноятова, Г.Кабирзода, лаборанти кафедра Осимӣ З.О.шомил ҳастанд ва ба фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва илмӣ машғул мебошанд.

http://www.zoofirma.ru/