Факултети ҳуқуқшиносӣ

Факултети ҳуқуқшиносӣ

Декани факултет

Тоҷибоев Шерозҷон Абдуҷабборович,

номзади илмҳои хуқуқшиносӣ, дотсент

Факултети ҳуқуқшиносӣ аз рӯзи аввали таъсисёбии донишгоҳ фаъолият дошта, аз ҷумлаи факултетҳои бонуфузи он ба шумор меравад. Факултет соли 1994 дар асоси бахши шӯъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ бо номи факултети ҳуқуқ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташкил гаштааст ва нахустдекани он шахси кордон ва ташкилотчии беҳамто номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Солибой Ҳасанов буданд. Минбаъд, дар давоми солҳои гуногун факултетро номзадони илми ҳуқуқшиносӣ, дотсентон Т.О.Орипов, Н.А. Ғаффорова С.Ш. Болтуев, Ҳ.С. Сангинов, Н.И. Ахмедов, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент М.К. Камолов н.и.ҳ., дотсент Ш.Ю Кенҷаев сарварӣ намудаанд. Ҳоло вазифаи декани факултети ҳуқуқшиносиро номзади илмҳои хуқуқшиносӣ, дотсент Тоҷибоев Шерозҷон Абдуҷабборович иҷро карда истодааст.

Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти факултет ин омода намудани мутахассисон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимияти давлатии иҷроия ва ҳуқуқшиносон ба муассисаву корхонаҳо мебошад.

Дар факултет аз рўи ихтисоси ҳуқуқи умумӣ ва тахассусмандӣ: давлатшиносӣ, хизматчии давлатӣ, адолати судӣ ва назорати прокурорӣ, фаъолияти тафтишотӣ, танзим ва ҳуқуқи муносибатҳои гражданӣ, танзими ҳуқуқи муносибатҳои соҳибкорӣ ва байналмилалӣ раванди таълим ба роҳ монда шудааст.

Шакли таҳсил: тариқи рўзона (мўҳлати таҳсил 4 сол), фосилавӣ (мўҳлати таҳсил 5 сол), маълумоти олии дуюм (мўҳлати таҳсил 4 сол), магистратура (мўҳлати таҳсил 3 сол).

Тадқиқоти олимону устодони факултети ҳуқуқшиносӣ -Т.О. Орипов, С.Ш. Болтуев, Ш.Ю. Кенҷаев, Н.И. Ахмедов, А.Э. Раҳматуллоев, Д.С. Обидов, Ғ.Б. Санавваров, К.Т Мухторов, З.М. Артиков, А.Муҳиддинов, А.Х. Бобоев, Ғ.Шокиров, И. Солиев, Н. Ҳомидов, А.Ҷ. Амонов дар самти нашри монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ роҷеъ ба назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи констиутсионӣ, маъмурӣ, соҳибкорӣ, ҷиноятӣ, гражданӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва гражданӣ, ҳуқуқи мехнатӣ ва назорати прокурорӣ дастовардҳое маҳсуб меёбанд, ки дар рушди илмҳои ҳуқуқшиносӣ аҳамияти амалӣ доранд.

Кафедраҳои назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ (н.и.ҳ Д.С Обидов), ҳуқуқи конститутсионӣ (н.и.ҳ. А. Бобоев) ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ (н.и.ҳ., дотсент Ғ.Санавваров), ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика (н.и.ҳ, Н.И.Ахмедов), ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ (дотсент Солиев А.), ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмиллалӣ (дотсент Самадов Б.О.) ба ҳайати факултет шомил мешаванд.

Теъдоди олимони устодону факултет аз 64 нафар иборат аст, ки аз ин теъдод 1 нафарашон доктори илм, профессор ва 18 нафарашонро номзадони илм, дотсентон ташкил медиҳанд.

Роҳбарияти факултет: декан дотсент-Тоҷибоев Ш., муовини декан оид ба илм, н.и.ҳ. М.Ҳомидова, муовини декан оид ба тарбия Қурбонназаров Б.А.

Рўйхати таълифоти илмӣ

http://www.zoofirma.ru/