Кафедраи назарияи иқтисодӣ

Мудири кафедра доктори илмҳои иқтисодӣ

Раҳимов Абдулатиф Маҷидович 

Кафедраи назарияи иқтисодӣ бо фармони №9 аз 16.07.1994 ҳамчун кафедраи фанҳои иқтисодӣ ва баъдтар бо фармони №5 аз 28.03.1995 ба номи кафедраи назарияи иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Кафедраи назарияи иқтисодӣ 1 сентябри соли 1994 ташкил ёфта, моҳи феврали соли 1995 дар факултети бизнес ва муносибатҳои ҷаҳонӣ ва аз 10.01.1997 то сентябри соли 2002 дар таркиби факултети иқтисоди ҷаҳонӣ ва менеҷмент ва аз моҳи сентябри соли 2002 то инҷониб кафедраи назарияи иқтисодӣ дар ҳайати факултети молия фаъолият бурда истодааст. Аз аввали моҳи сентябри соли 2015 мудири кафедра доктори илмҳои иқтисодӣ Абдулатиф Маҷидович Раҳимов таъин гардидааст. Дар тўли чанд сол кафедраи назарияи иқтисодӣ фанҳои умуми тахассусиро ба ўҳда гирифтааст: назарияи иқтисодӣ, микроиқтисодиёт, макроиқтисодиёт, иқтисодиёти давраи гузариш, танзими давлатии иқтисодиёт, таърихи иқтисодиёт, таърихи афкори иқтисод, нархгузорӣ.

Кафедра кори худро тибқи нақшаи панҷсола дар мавзўи «Дурнамои макроиктисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қуввахои истеҳсолкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд» хуб ба роҳ мондааст. Ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, дарсиҳамоӣ, истифодаи роҳҳову усулҳои фаъолгардонӣ, донишандўзӣ, ташкил ва тайёр кардани дастурҳои кори мустақилонаи донишҷўён самти муҳими фаъолияти кафедраро ташкил медиҳанд.

Дар давраҳои солҳои 2007-2016 аз тарафи кафедра зиёда аз 26 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи доктории муҳаққиқону олимон ба ҳимоя тавсия карда шудааст.

Бо қалами олимони кафедра дастурҳои таълимию методӣ, монография ва мақолаҳои илмии зиёде ба чоп расидаанд.

Дар кафедра 3 нафар докторони илм, 4 нафар дотсентон 3 нафар сармуаллимон ва 4 нафар ассистентон фаъолият мебаранд.

Мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ д.и.и., профессор: Раҳимов А.М.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Суроға: ш. Хуҷанд, кўчаи Қорӣ Ниёз 54

Тел: +992927748463 Latif Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/