Кафедраи кори бонкӣ

 

Мудири кафедраи кори бонкӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент

Юсупов Даврон  Сиддиқбоевич

Бинобар ба миён омадани зарурияти объективӣ ва бо мақсади таъмини самаранокии раванди таълиму тарбия, корҳои таълимию методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ дар асоси қарори Шўрои олимони донишгоҳ суратҷаласаи (№7 аз 13.03.соли 2015) кафедраи кори бонкӣ таъсис дода шуд.

Мақсади асосии фаъолияти кафедраи кори бонкӣ – тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи кори бонкӣ дар ҷараёни амалигардонии корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ ва нигоҳ доштани он дар доираи талаботҳои муосир ба хатмкунандагони мактабҳои олии тахассуси иқтисодӣ мебошад.

Корҳои илмию тадқиқотии кафедраи кори бонкӣ мутобиқи нақшаи панҷсола барои солҳои 2015 – 2020 дар мавзўи «Рушди сегменти бонкӣ дар доираи иқтисоди хурди кушод ва шароити ҷаҳонишавӣ (дар мисоли ҶТ)» ба роҳ монда шудааст ва барои иҷроиши он ҳамаи олимон ва унвонҷўёни кафедра вобаста карда шудаанд.

Фанҳои таълимии кафедра инҳоянд: амалиёти бонкӣ, амалиёти биржавӣ, коргузории бонкӣ, маркетинги бонкӣ, менељменти бонкӣ, муомилоти пул ва қарз, муомилоти пул, қарз ва бонкҳо, муомилоти пул, карз дар мамлакатҳои хориҷӣ, пул, карз ва бонкҳо, сармоягузори ва танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ, сармоягузории давлатӣ ва хориҷӣ, тавозуни пардохт, танзим ва назорати асъор ва дар маљмўъ 25 фанни таълимӣ.

Бо қалами олимони кафедра 5 адад дастурҳои методӣ ва зиёда аз 20 адад мақолаҳои илмӣ марбут ба самти илмии кафедра ва 3 адад КТМ ба чоп расидаанд, ки дастовардҳои кафедра маҳсуб меёбанд.

Айни замон дар кафедра 14 нафар омўзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 2 нафар номзади илмҳои иқтисод, 6 нафар сармуаллимон, 3 нафар омўзгорон, инчунин 3 нафар муштараквазифа мебошанд.

Мудири кафедраи кори бонкӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Даврон Юсупов. Суроғаи кафедра: бинои таълимии 2, ошёнаи 3, утоқи 323 ва 325 Email: davron-yusupov@ mail.ru, тел: 92-976-57-57.

Мудири кафедра дотсент Р.А. Комилов Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. Суроға: маҳаллаи 28, бинои №2 Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. тел: 5-65-20

Рўйхати таълифоти илмӣ

Тел: +992928566665 e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, хонаи 3, 

http://www.zoofirma.ru/