Факултети молия

 

Декани факултет н.и.и, дотсент

Қаюмов Наимҷон Набиевич

Факултети молияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли 1996 ҳамчун факултети сеюм дар донишгоҳ пас аз факултетҳои хуқуқ ва муносибатҳои байналхалқӣ, бизнес ва иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолият дорад.

Факултет мутахассисонро барои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ тайёр менамояд, ки дар сохторҳои гуногуни молиявӣ, корхонаҳо, ширкатҳо, мақомоти идоракунии давлатӣ, ташкилотҳои бонкию қарзӣ, ташкилотҳои фаъолияташон бурунмарзӣ ва муассисаҳои илмӣ фаъолият бурда метавонанд.

Имрӯзҳо факултет мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои молия ва қарз, кори бонкӣ тайёр менамояд. Ҳамаи ихтисосҳо дорои нақшаҳои намунавии таълимӣ, стандартҳои таҳсилоти олӣ буда, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.

Донишҷӯёни факултет, якчанд маротиба ғолиби мусобиқаҳо ва олимпиадаҳои илмии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ шудаанд, байни донишҷӯён варзишгарон ҳастанд, ки обрӯи донишгоҳро дар мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ баланд бардоштаанд, байни онҳо зиёда аз бист устодон ва номзадони соҳаи варзиш мавҷуданд.

Дар факултет 5 кафедра амал мекунанд, ки инҳо - молия ва қарз, кори бонкӣ, назарияи иқтисодӣ, забони русӣ, забони тоҷикӣ мебошанд.

Дар факултет 51 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 5 нафарашон дорои дараҷаи доктори илмҳо – профессорон , 19 нафар дорои дараҷаи номзади илм, боқимонда 33 нафарро омӯзгорони ҷавон ташкил медиҳанд

Аз аввали соли хониши 2016-2017 ба вазифаи декани факултет н.и.и, дотсент Қаюмов Наимҷон Набиевич таъин гардид.

Дар факултет ду нафар ҷонишини декан фаъолият мебаранд, ки онҳо ҷонишини декан оид ба илм – Абдуқодиров Хайрулло Абдусаломович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ ва ҷонишини декан оид ба тарбия Якубов Азал Азамович, мебошанд.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Суроға, телефон, E-mail-и факултет (ё декан) ш. Хучанд ,микронохияи №17 , бинои таълимии № 2 Раками телефони деканат:

+992(3422) 23043

e-mail-и декани факултет - Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/