Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ

Мудири кафедра - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Дадоматов Далерҷон Нишонбоевич

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ  моҳи сентябри соли 1996 дар асоси қарори  Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқбизнес  ва  сиёсати  Тоҷикистон таъсис  ёфтааст, ки  яке аз  кафедраҳои нахустини ДДҲБСТ маҳсуб меёбад.

Аввалин  мудири   кафедраи   баҳисобгирии  бухгалтерӣ   ва  аудит  н.и.и, дотсент  З.Қ.  Қурбонов буда,  ин  вазифаро  то  соли 2000 - ум  иҷро   намудааст.

Ҳамчунин, солҳои  2000-2001  вазифаи  мудирии  кафедраро  номзади  илми  иқтисод,  профессор,  А.Ғ.   Ғозибеков ба ўҳда доштанд. Сипас, кафедраро солҳои 2001-2010  номзади   илҳои   иқтисод, дотсент М.А.Акрамов, 2010-2011номзади   илҳои   иқтисод, дотсент    Д.Н.  Дадоматов, 2012-2013 н.и.и. дотсент  О.О.  Абдулллоев,  2013-2014   н.и.и,  дотсент   М.А. Акрамов,   2014-2016 н.и.и. дотсент  Р.А.Комилов  роҳбарӣ  намудаанд. Айни ҳол вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади   илҳои   иқтисод, дотсент    Д.Н.  Дадоматов вогуузор шудааст.

Мақсади фаъолияти кафедра саҳм гузоштан дар раванди рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, ташаккули шахсияти ҳаматарафа инкишофёфтаи рақобатпазир бо салоҳияти баланди иқтисодӣ, ташаккули малака ва маҳорати таҳлили равандҳои иқтисодӣ, равишҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва татбиқи сиёсати давлатии иқтисодӣ дар ҷараёни таълиму тарбияи кадрҳои соҳаи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит.

Вазифаҳои кафедра ин мода намудани донишҷӯён ва шунавандагон ба фаъолияти касбӣ дар бахши коркард ва таҳлилу баррасии тадбирҳои танзимкунандаи таъсиррасонии давлат ба иқтисодиёт, пешгӯӣ, барномарезӣ ва банақшагирии низоми иқтисодӣ, таъсиси низомҳои соҳавии мониторинги иқтидорҳои кадрӣ ва дурнамои эҳтиёҷот ба кадрҳо, вусъатбахшии тарбияи мақсадноки мутахасисон, ташаккули малакаи таҳияи барномаҳои рушди стратегӣ дар соҳаи гуногуни иқтисодиёти миллӣ, такмили мунтазами барномаҳои таҳсилот, маҷмӯаҳои таълимӣ-методии ҷавобгӯ ба талаботи даврони муосир, татбиқи технологияи муосири таълим ва усулҳои иноватсионии омӯзиш, пурра қаноатманд намудани талаботи донишҷӯён ҷиҳати фарогирии донишҳои нави иқтисодӣ.

Мавзӯи илмии кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ мувофиқи нақшаи корҳои илмию тадқикоти барои солҳои 2015-2020 «Низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар субъектони иқтисодӣ дар шароитҳои татбиқи Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ» махсуб ёфта, дар ҳаҷми ҳафт фаслҳои алоҳида қабул гардидааст ва ҷиҳати иҷрои он тамоми олимон, унвонҷуён ва аспирантони кафедра вобаста карда шудаанд.

Дар кафедра фанҳои зерин таълим дода мешаванд: баҳисобгирии идоракунии мухосибӣ, назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ, баҳисобгирии бонкӣ баҳисобгирии истеҳсолӣ, баҳисобгирии молиявии муҳосибӣ, Стандарти байналхалқии ҳисоботи молиявӣ, ҳисоботи бухгалтерӣ (молиявӣ), хусусиятҳои ҳисобгирӣ дар соҳаҳо, баҳисобгирии муҳосибӣ дар соҳаҳо, ҳисобгирии амалиёти арзӣ, баҳисобгирӣ ва аудити фаъолияти иқисоди  хориҷӣ, баҳисобгирии муҳоибии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, корузори муҳосибӣ,и стандарти байналхалқии ҳисобгирӣ, ҳисоботи молиявӣ ва аудит     

         Мудири кафедра - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Дадоматов Далерҷон Нишонбоевич.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Тел: +992928566665

e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

    Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, хонаи 3

http://www.zoofirma.ru/