Кафедраи аудит ва ревизия

Кафедраи аудит ва ревизия

Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобоев Ҳусейн Сайфидинович

Кафедраи аудит ва ревизия моҳи июни соли 2016 тибқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (№10 16.06.2016) дар заминаи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит таъсис ёфтааст. 

Мақсад фаъолияти кафедра тайёр намудани иқтисодчиён аз рўи ихтисоси 1-25.01.11 – аудит ва ревизия ба ҳисоб меравад. Хатмкунандагони ин ихтисос донишу малакаи касбии хешро дар ширкатҳои аудиторӣ корхонаҳои давлатию тиҷоратӣ, бонкҳо, палатаи ҳисоб, мақомоти андоз, ва дар дигар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ истифода бурда, намудҳои зерини фаъолияти касбиро ба амал меоранд:

  гузаронидани санҷишҳои аудитории эътимоднокии нишондиҳандаҳои молиявию бухгалтерии субъектҳои иқтисодӣ ва тартиб додани хулосаи аудиторӣ;

    ташкили фаъолият ва банақшагирии корҳои назоратӣ- ревизионӣ;

 ташкили назорати иқтисодӣ ва молиявӣ, гузаронидани назорат ва ревизияи субъектони иқтисодӣ;

   ревизияи амалиёти молӣ;

 ревизияи амалиёти ҳисоббаробаркунӣ, тафтиши ҳолати баҳисобгирӣ, ҳисобот ва назорати дохилию хоҷагӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои ревизия;

 пешгирӣ кардани натиҷаҳои хавфи фаъолияти хоҷагидорӣ ва пайдо намудани захираҳои дохилихоҷагӣ ва таъмини устувории молиявии онҳо.

Вазифаи кафедра омода намудани иқтисодчӣ бакалаври  ихтисоси 1-25.01.11– аудит ва ревизия, ки бояд вазифаҳои касбии зеринро мутобиқ бо намудҳои фаъолияти касбӣ ва самти соҳа ҳаллу фасл намояд:

 корҳои ҳисобгирию аналитикӣ, назоратию тафтишотӣ, аудиторӣ, тавсиявию машваратӣ, ташкилию идоракунӣ ва меъёрию методӣ.

    идоракунии хоҷагидорӣ, молиявӣ ва қарзӣ;

     ташхисию машваратӣ, андозбандӣ ва баҳогузории амвол;

          баҳисобгирӣ ва танзими меъёриву ҳуқуқии амалиёти иқтисодии бурунмарзӣ.

Дар кафедраи аудит ва ревизия аз фанҳои зеррини тахассусӣ- назарияи аудит, назарияи назорат ва ревизия, ревизияи фаъолияти хоҷагидорӣ, аудит дар соҳаҳо, ревизия ва назорат, стандартҳои байналхалқии фаъолияти аудиторӣ, тафтиши ҳолати ҳисобдорӣ ва ҳисобот, назорат ва ревизияи муассисаҳои буҷетӣ ва ғайра ҳайати омўзгорон ва дотсентони кафедра машулиятҳои таълимӣ мегузаронанд.

Бо қалами омӯзгорони кафедра дастурҳои таълимию методӣ ва мақолаҳои илмӣ таълиф гардидаанд.

Айни ҳол, дар кафедра 8 нафар омӯзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 2 нафар дотсентон Бобоев Ҳ.С., ҳамкори дохила Тоҷзод Д.Ҳ., 2 нафар сармуаллимон Раҳимова М.А., ҳамкори беруна Нишонбоев А.Н., 4 нафар омӯзгорон Ҳайдарова М.Ҳ., Ашўров У.З., Шарипова М.М. ва Валиева Д.М. мебошанд.

 Дар оғози фаъолияти кафедраи аудит ва ревизия вазифаи мудири кафедраро дар соли хониши 2016-2017 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Равшан Абдуқодирович ба ўҳда дошт.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобоев Ҳусейн Сайфидинович.

Тел: +992-92-835-46-40

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, хонаи 3.

http://www.zoofirma.ru/