Кафедраи андоз ва андозбандӣ

Кафедраи андоз ва андозбандӣ

Мудири кафедра,

н.и.и., дотсент Салимова Муҳайёхон Музафаровна

Кафедраи андоз ва андозбандӣ дар заминаи кафедраи молия ва қарз дар асоси Низомномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 30.06.2003, таҳти №10 таъсис дода шуда, айни замон роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Салимова М.М. ба ўҳда дорад.

Ҳадафи асосии кафедра – омода намудани мутахассисони соҳаи андоз ва андозбандӣ барои мақомоти андози кишвар ва корхонаву ташкилотҳо буда, кафедра кўшиш ба харҷ медиҳад, ки вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисони касбии замонавиро тарбия намояд. Кафедра ба стандарти меъёрию ҳуқуқии макотиби олии равияи иқтисодии талаботи байналмилалӣ пурра ҷавобгў буда, дар ин замина фаъолияти худро аз рўи нақшаҳои таълимӣ -  тарбиявӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ ба роҳ мондааст.

Кафедраи «Андоз ва андозбандӣ» кафедраи тахассусӣ буда, дар он 1 ихтисос 1-25.01.04.03 «Андоз ва андозбандӣ» амал менамояд. Устодони кафедра аз рўи равияи илмии кафедра корҳои илмӣ – тадқиқотиро пеш бурда истодаанд, ки натиҷаи он ба чоп расонидани монографияҳо, васоити таълим, китобҳои дарсӣ, дастури методӣ ва як қатор мақолаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар кафедра 8 нафар устодон фаъолият менамоянд, ки дараҷаи унвоннокӣ 62,5 ва синну соли миёнаи кормандони нерўи илмӣ 40,1 фоизро ташкил медиҳад. Тўли фаъолият ҳайати кадрии кафедра ба он ноил гаштанд, ки маҷмўи маводи таълимӣ – методии ҷавобгў ба талаботи замони муосир ва стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ омода карда шавад. 

Бо мақсади устувор нигоҳ доштани мавқеи худ, кафедра бо дигар кафедраҳои донишгоҳу донишкадаҳо, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати молия дар вилояти Суғд, Раёсати андоз дар вилояти Суғд ва мақомоти ҳудудии он ҳамкории судманд дорад.  

http://www.zoofirma.ru/