Факултети баҳисобгирӣ ва андоз

 

Факултети баҳисобгирӣ ва андоз

Декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Орипов Абдуқаҳор Абдуҳамидович

 Факултети баҳисобгирӣ ва андоз дар заминаи факултетҳои бизнес ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бизнес ва ҳисобгирӣ, технологияҳои компютерӣ ва ҳисобгирӣ бо фармони ректори донишгоҳ таҳти №9 аз 24.01.2013 с. таъсис дода шудааст.

Дар солҳои гуногун вазифаи декани факултетро дотсентон З.Қ. Қурбонов, Т.Н. Неъматов, профессор Д.И. Исмоилов, дотсентон А.Я. Набиева, М.Р. Дониёров, Ҳ.Ш. Ғаюров, Ш.М. Зокирова, Ш.М. Шерматов, профессор Ғ.С. Абдусамадов, дотсент Д.Н. Дадоматов, дотсент С. В. Мамадов ба зимма доштанд. Айни ҳол н.и.и., дотсент А.А.Орипов ба ҳайси декани факултет фаъолият мебарад.

Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти факултет –тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва ревизия, андоз ва андозбандӣ, ки дорои донишҳои фундаменталии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа буда, ба талаботи касбии бозори меҳнат мувофиқат мекунанд.

Дар факултет аз рўи ихтисосҳои зерин мутахассисони дараҷаи бакалавр тайёр карда мешаванд: 1-25.01.08 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит; 1.25.01.11 - аудит ва ревизия; 1-25.01.04-03 – андоз ва андозбандӣ.

Таҳсил дар магистратура аз рўи ихтисосҳои 1-25.01.08 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит ва 1-25.01.04-03 – андоз ва андозбандӣ ба роҳ монда шудааст.

Имрўзҳо хатмкунандагони факултет дар вазифаҳои мухталифи идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Судғ ва ҷумҳурӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои давлатию хусусӣ, ташкилотҳои қарзӣ, мақомотҳои назоратию ревизионӣ, ширкатҳои аудиторӣ ва мақомотҳои андоз кору фаъолият бурда, дар рушду нумўъи Тоҷикистон ҳиссагузоранд.

Дар ҳайати факултет кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, кафедраи андоз ва андозбандӣ ва кафедраи аудит ва ревизия фаъолият мебаранд.

Ҳайати устодону олимони факултетро 10 нафар номзадони илм, дотсентон, 7 нафар сармуаллимон ва 8 нафар ассистентон ташкил медиҳанд.

Декани факултет: н.и.и., дотсент А.А.Орипов

Муовинони декан: мушовири академӣ М.М. Абдуллоев, оид ба корҳои тарбия М.М. Раҳмонов, оид ба корҳои илм ва инноватсия Б.Қузибоева

Рўйхати таълифоти илмӣ

Суроғаи факултет: шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 28, бинои таълимии №3 – и ДДҲБСТ,

Телефон: 83422-5-65-20

Мобилӣ – 92-884-40-21

http://www.zoofirma.ru/